Токаев Президенти Лубнонро бо Рӯзи истиқлолият табрик гуфт - ИА Караван Инфо
Токаев Президенти Лубнонро бо Рӯзи истиқлолият табрик гуфт

Остона, 23 ноябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Президенти Қазоқистон Қасим–Жомарт Токаев ба рохбари Лубнон Ҷозеф Аун ба муносибати Рӯзи истиқлолияти кишвар телеграммаи табрикӣ фиристод.

Сарвари давлат ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба, ки ба дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ асос ёфтаанд, изҳори боварӣ намуд. Вай ба пешвои лубнон муваффақият ва ба мардуми Лубнон сулҳ, хушбахтӣ ва некӯаҳволӣ орзу намуд.

Аксҳо: Акорда