Токаев Словенияро бо Рӯзи давлатдорӣ табрик гуфт - ИА Караван Инфо
Токаев Словенияро бо Рӯзи давлатдорӣ табрик гуфт

Остона, 26 июни соли 2026-АИ «Караван Инфо». Президенти Қазоқистон Касим-Жомарт Токаев ба Президенти Словения Наташа Пиртс-Мусар ба муносибати ҷашни миллии Рӯзи давлатдории Словения телеграммаи табрикӣ фиристод.

Токаев изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкории Қазоқистону Словения ба манфиати халқҳои ҳарду кишвар тақвият хоҳад ёфт. Вай ба пешвои Словения дар фаъолияти давлатӣ муваффақият ва ба мардуми Словения некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ орзу намуд.

Аксҳо: Акорда