Ҳукумати Қазоқистон кори худро то ташкили ҳайати нав идома медиҳад
Остона, 01 сентябр соли 2026-АИ «Караван Инфо». Президент Қасим-Жомарт Токаев фармони иҷрои минбаъдаи ваколатҳоро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон имзо намуд.

Қарор дар робита ба супурдани ваколатҳои ҳайати амалкунандаи Ҳукумат дар назди Курултаи навтаъиншуда қабул намуда шуд.
Тибқи фармон, Ҳукумат вазифаҳои худро то тасдиқи ҳайати нав идома медиҳад.
Ин санад аз рӯзи имзо шуданаш эътибор пайдо намуд.
Ҳамин тариқ, идомаи кори мақомотҳои иҷроияи ҳокимият дар давраи ташаккули ҳайати нави Ҳукумат таъмин намуда мешавад.
Аксҳо: Акорда
