«ҲУНАРМАНДИ СОЛ». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ баргузор мегардад – ИА Караван Инфо
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ баргузор мегардад

Душанбе, 30 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунармандони сол» баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Озмун дар доираи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгардҳо, фестивалҳо, намоишгоҳҳо, чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ, инчунин ҳунарҳои анъанавӣ ва мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ гардидааст, баргузор мешавад.

Ҳадафи асосии баргузории озмун таҳкими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани эҳтиром ба фарҳанги миллӣ, тарбияи завқи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ, инчунин ҳифз ва интиқоли ҳунарҳои анъанавӣ ба наслҳои оянда мебошад. Дар баробари ин, ба намоиши сатҳи баланди маҳорати ҳунармандони тоҷик таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад.

Қобили зикр аст, ки рушди ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар бо дастгирии ташаббусҳои Пешвои миллат — Эмомали Рахмон босуръат идома дорад.

Эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019–2021 — Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин солҳои 2022–2026 — Солҳои рушди саноат, қабули «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025», ҳамчунин ҷорӣ намудани имтиёзҳои андозӣ барои ҳунармандоне, ки дар шароити хона фаъолият мекунанд, аз ҷумлаи тадбирҳои муҳими дастгирии соҳа ба шумор мераванд.

Дар натиҷаи татбиқи ин сиёсат шумораи ҳунармандон ва устоҳо дар кишвар сол ба сол афзоиш ёфта, барои ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва рушди иқтисоди эҷодӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

error: