Душанбе, 14 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи 1,87 миллион доллар супурд. Ин интиқол ҷузъи созишномаи панҷсолаи ҳамкории ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ ба арзиши умумии 78 миллион доллар мебошад, ки ҳадафи он на танҳо тақвияти пойгоҳи моддӣ, балки ислоҳоти системавии соҳа низ мебошад.

Дар бастаи навбатии кумак таҷҳизот барои тавлиди оксиген ва дастгоҳҳои эҳёгарии навзодон шомил мебошанд — техникае, ки мустақиман ба самаранокии ёрии таъҷилӣ ва хизматрасонии неонаталӣ вобаста аст. Дар шароите, ки сифати инфрасохтори тиббӣ яке аз омилҳои муҳими устувории низоми тандурустӣ ба ҳисоб меравад, чунин дастгирӣ на танҳо якдафъаина, балки дорои аҳамияти стратегӣ мебошад.
Созишномаи ҳамкорӣ 6 апрел зимни мулоқоти вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва иҷрокунандаи вазифаи сафири ИМА дар Тоҷикистон Релитс Рокер ба имзо расида буд. Он ба муҳлати панҷ сол нигаронида шуда, рушди низоми тандурустӣ, аз ҷумла мубориза бо ВНМО ва сил, инчунин тақвияти механизмҳои вокуниш ба бемориҳои сироятиро дар бар мегирад.
Илова ба интиқоли таҷҳизот, барномаи ҳамкорӣ навсозии лабораторияҳо ва системаҳои иттилоотӣ, рушди низоми мониторинги бемориҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассуси кормандони тиб ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамиро пешбинӣ мекунад. Дар асл, сухан дар бораи дастгирии фарогире меравад, ки бояд на танҳо муассисаҳои алоҳида, балки тамоми низоми пешгирӣ, ташхис ва вокунишро тақвият диҳад.

Барои Тоҷикистон чунин лоиҳаҳо аз ҷиҳати таҳкими амнияти санитарӣ ва беҳтар кардани дастрасӣ ба кӯмаки босифати тиббӣ, бахусус барои қишрҳои осебпазир, аҳамияти махсус доранд. Барои Иёлоти Муттаҳида низ ин идомаи сиёсати дарозмуддати дастгирии тандурустии ҷамъиятӣ ва рушди институтҳои устувор дар кишвар мебошад.
Акс: Сафорати ИМА дар Тоҷикистон
