Душанбе, 15 май, – АИ «Корвон Иттилоот». 13 майи соли равон Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Иброҳим Абдураҳмонов, ки дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ба шаҳри Ҳисор ташриф овард.

Меҳмононро раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор дар назди Боғи дӯстии халқҳо, ки дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Шарора бо ҳамкорӣ ва шарикии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бунёд шудааст, истиқбол намуда, онҳоро ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфт.
Дар идома меҳмонон боғи зардолуро дидан карда, бо маданияти истифодаи замин ва самаранок истифода бурдани захираҳои кишоварзӣ, аз ҷумла кишти байниқаторӣ шинос шуданд ва аз натиҷаҳои кор изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҳамчунин онҳо дар хоҷагии таҷрибавӣ-истеҳсолии «Зироаткорӣ»-и Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо ҷараёни кишти пунбадона бо усули обёрии зери плёнка, ки бо истифода аз технологияҳои муосир роҳандозӣ шудааст, шинос гардида, ба кишоварзон ва механизаторон оид ба риояи агротехникаи кишт ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ тавсияву маслиҳатҳои судманд доданд.

Дар фарҷоми сафар меҳмонон дар Ҷамоати деҳоти Сомон аз боғи гелос дидан намуда, бо навъҳои гуногуни ин мева, ки дар минтақа парвариш меёбанд, шинос шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор
