Душанбе, 11 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». 10 июл дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо аъзои Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани сатҳи шаффофият ва дастрасии фаъолияти милитсия, инчунин нақши назорати ҷамъиятӣ дар татбиқи ислоҳоти милитсия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазири корҳои дохилӣ таъкид намуд, ки Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми машваратӣ ва ҷамъиятӣ таъсис ёфта, барои таъмини иштироки фаъоли шаҳрвандон дар раванди ислоҳоти милитсия заминаи мусоид фароҳам меорад.
Зикр гардид, ки ҳадафи асосии фаъолияти Шӯро ба инобат гирифтани афкори ҷомеа, пешниҳоди таклифу тавсияҳои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ҳамкории милитсия бо ҷомеа, инчунин амалӣ намудани назорати ҷамъиятӣ аз ҷараёни ислоҳоти милитсия мебошад.
Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки Шӯро дар асоси иштироки ихтиёрии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои илмӣ ва эҷодӣ, инчунин намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ таъсис ёфта, барои таҳкими ҳамкории созанда байни ҷомеа ва мақомоти корҳои дохилӣ, ҳифзи манфиатҳои умум ва рушди муносибатҳои мутақобилан судманд фаъолият менамояд.

Дар ҷараёни мулоқот иштирокчиён доир ба роҳҳои густариши минбаъдаи ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, татбиқи принсипҳои шаффофият, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин такмили минбаъдаи раванди ислоҳоти милитсия мубодилаи афкор анҷом доданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, аъзои Шӯроҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ барои саҳми арзанда дар таҳкими ҳамкории мақомоти милитсия бо ҷомеа, дастгирии раванди ислоҳоти милитсия ва фаъолияти фаъоли ҷамъиятӣ бо медали «Барои ҳамкорӣ», Ифтихорнома ва Сипосномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
