Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон ва Ёвари Котиби давлатии ИМА шарикии стратегии Остонаро баррасӣ намуданд - ИА Караван Инфо
Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон ва Ёвари Котиби давлатии ИМА шарикии стратегии Остонаро баррасӣ намуданд

Остона, 13 августи соли 2026-АИ «Караван Инфо». Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаев Ёвари котиби Давлатии ИМА оид ба корҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Пол Капурро қабул намуд.

Дар ҷараёни мулоқот дипломатҳо масъалаҳои таҳкими шарикии густурдаи стратегии ду кишварро баррасӣ намуданд. Ермек Кошербаев ба ҳамсӯҳбат дар бораи дигаргуниҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ дар ҷумҳурӣ хабар дода, қайд намуд, ки интихоботи санаи 23 август ба Курултай дар татбиқи модели нави конститутсионӣ марҳилаи муҳим хоҳад буд.

Дар навбати худ, Пол Капур таваҷҷӯҳи баланди Вашингтонро ба густариши ҳамкории амалӣ тасдиқ намуд. Дар байни самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ энергетика, таҳияи минералҳои муҳим, технологияҳои пешрафта, тағирёбии рақамӣ, логистика ва сармоягузорӣ қайд намуда шуданд.

Аксҳо: ВКХ-и ҶҚ