Душанбе, 15 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои маъракаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбиро ҷамъбаст намуда, самтҳои асосии такмили минбаъдаи низоми ҷалби кадрҳо ва таҳкими интизоми ҳарбиро муайян кард.

Ин масъалаҳо зимни ҷаласаи баргузоршудаи 12 июн таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муовини Сарвазир зимни суханронии худ таъкид намуд, ки барои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохторҳои марбут ба даъват ва хизмати ҳарбӣ бояд чораҳои иловагӣ андешида шаванд.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои риояи қатъии низомномаи рӯзона дар қисмҳои ҳарбӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷалби ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва равонӣ солим равона гардид.
Дилрабо Мансурӣ инчунин зикр намуд, ки омодагӣ ба даъвати тирамоҳӣ бояд аз ҳоло оғоз гардида, дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад.
Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода зимни баромади худ аҳамияти корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ махсус қайд кард. Ба гуфтаи ӯ, иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи даъват аз мулоқотҳои мунтазам бо шаҳрвандон, омӯзиши ҳамаҷонибаи ҷавонони даъватшаванда ва арзёбии воқеии вазъи саломатии онҳо вобастагии мустақим дорад.
Дар навбати худ, Прокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Ҳаётзода ба зарурати таҳкими интизоми ҳарбӣ, риояи талаботи оинномаҳо, нигоҳ доштани муҳити солими маънавию равонӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ ва ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 24 май Вазорати мудофиа аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати баҳории соли 2026 хабар дода буд. Бо вуҷуди ин, масъалаи шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоно дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеа қарор дорад.
Дар ҷараёни маъракаи имсолаи даъват як қатор ҳодисаҳои пурсарусадо вобаста ба хизматчиёни ҳарбӣ дар фазои иттилоотӣ муҳокима гардиданд. Аз ҷумла, дар бораи фавти чанд сарбоз дар ҳолатҳои гуногун ва баъзе иддаоҳо оид ба нақзи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ хабарҳо паҳн шуданд.
Дар чунин шароит дастуру супоришҳо оид ба таҳкими назорати қонунмандӣ, тақвияти интизом ва фароҳам овардани муҳити солим дар қисмҳои ҳарбӣ аҳамияти бештар пайдо мекунанд.
Ба андешаи коршиносон, рушди минбаъдаи низоми хизмати ҳарбӣ на танҳо иҷрои босифати нақшаҳои даъват, балки таваҷҷуҳи доимӣ ба масъалаҳои амният, ҳифзи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ, беҳтар намудани шароити хизмат ва таҳкими эътимоди ҷомеа ба Артиши миллӣ талаб мекунад.
Ҳамин тавр, омодагӣ ба маъракаи даъвати тирамоҳӣ аллакай оғоз гардида, натиҷаҳои он яке аз нишондиҳандаҳои муҳими самаранокии ислоҳоти соҳаи мудофиа ба ҳисоб хоҳанд рафт.
Акс: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
