ВКХ-и Қазоқистон ва Миср дар бораи шиддат гирифтани вазъ дар Ховари Миёна сӯҳбат намуданд – ИА Караван Инфо
ВКХ-и Қазоқистон ва Миср дар бораи шиддат гирифтани вазъ дар Ховари Миёна сӯҳбат намуданд

Остона, 10 марти соли 2026 АИ «Караван Инфо». Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ермек Кошербаев бо ВКХ-и Миср Бадр Абделато сӯҳбати телефонӣ анҷом дод. Ҷонибҳо вазъи Ховари Миёна ва ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Кошербаев аҳамияти паст намудани шиддат ва ҳалли масъалаҳои баҳсбарангезро бо воситаҳои сиёсӣ-дипломатӣ дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ таъкид намуд.

Вазирон дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ изҳори манфиатдорӣ намуданд.

Абделатҳо итминон доданд, ки Миср барои сайёҳони хориҷӣ бехатар боқӣ мемонад. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Миср дар ин самт тамоми чораҳои заруриро меандешанд.

Мусоҳибон ба мувофиқа расиданд, ки табодули сафарҳоро дар сатҳи олӣ ва баланд тақвият диҳанд ва муколамаи мунтазами байни идораҳои сиёсати хориҷиро идома диҳанд.

Аксҳо: ВКХ-и ҶҚ

error: