Президенти Русия Владимир Путин вохӯрии дарпешистодааш бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар рӯзҳои наздик дар Москва баргузор мешавад, эълон кард. Дар ин бора ӯ дар паёми табрикотии худ ба муносибати рӯзи таваллуди президенти Тоҷикистон хабар дод.
«Дар арафаи мулоқоти мо дар рӯзҳои наздик дар Москва ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарипович, таманниёти самимии сиҳатии бардавом, хушбахтӣ ва муваффақиятҳои нав дар фаъолияти давлатӣ ирсол менамоям», — омадааст дар паёми Путин.
Президенти Русия таъкид намуд, ки Москва кӯшишҳои пайвастаи Эмомалӣ Раҳмонро барои таҳкими шарикии стратегӣ ва ҳамбастагӣ байни давлатҳои мо хеле баланд қадр мекунад.
Қаблан котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков хабар дода буд, ки ҳафтаи оянда дар Русия ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ баргузор мешавад ва шомгоҳи 7 октябр раҳбарони кишварҳои Иттиҳод ба Москва хоҳанд расид.
Ёдовар мешавем, ки охирин мулоқоти президентҳои Русия ва Тоҷикистон рӯзи 9 май дар Кремл баргузор шуда буд.
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

