Душанбе, 08 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Забони русӣ ҳамчун фазои фарҳанг ва муколамаи байналмилалӣ» баргузор гардид, ки ба Рӯзи забони русӣ ва зодрӯзи шоири бузург Александр Сергеевич Пушкин бахшида шуда буд.

Иштирокчиён нақши забони русиро дар соҳаи маориф, илм ва муоширати байнифарҳангӣ, аҳамияти адабиёти рус, инчунин масъалаҳои ҳифзи фарҳанги забониро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар кори мизи мудаввар Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Вячеславович Григорьев, намояндагони Хонаи русӣ дар Душанбе, донишҷӯён ва намояндагони ҷомеаи илмӣ иштирок намуданд.

Омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Кумринисо Садикова, ки беш аз 70 сол ба таълими забони русӣ машғул аст, таъкид намуд, ки омӯзиши забон аз фарҳанг ва таҷрибаи зиндагӣ ҷудо нест:
«Муҳимтар аз ҳама он аст, ки донишҷӯён дарк кунанд: забон ва адабиёт ёварони зиндагӣ мебошанд».
Дар анҷоми чорабинӣ роҳбари Хонаи русӣ дар Душанбе Андрей Патрушев ба омӯзгорон ва донишҷӯён барои саҳм дар рушди забони русӣ дар Тоҷикистон сипосномаҳо тақдим намуд
АКС: Хонаи русӣ дар Душанбе
