Душанбе, 13 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 11 ноябр дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузорӣ ва содиротии «Хатлон Инвест-2025» ба 14 нафар соҳибкорзанон ба маблағи умумии 245 ҳазор сомонӣ гранти Раиси вилояти Хатлон тақдим гардид. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилоят хабар доданд.

Грантҳо барои татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои кишоварзӣ, корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, дӯзандагӣ ва дигар бахшҳо пешбинӣ шудаанд.
Дар вилояти Хатлон зиёда аз 30 ҳазор зан ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, ки аз онҳо тақрибан 20 ҳазор нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти содиротии кишоварзӣ мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки дар солҳои 2024–2025 дар доираи дастгирии ташаббуси таъсиси грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 44 нафар занони соҳибкор грантҳои Раиси вилоят супорида шуданд. Ин грантҳо ба рушди бахшҳои кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва соҳибкории хурд равона гардидаанд.
Нақши занон дар рушди иқтисоди миллии Тоҷикистон, бахусус дар минтақаҳо, рӯ ба афзоиш аст. Соҳибкорзанон на танҳо дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва пешбурди фаъолияти оилавӣ саҳм мегузоранд, балки дар таҳкими амнияти озуқаворӣ, рушди содирот ва боло бурдани иқтисодиёти маҳаллӣ нақши муҳим мебозанд.
Дастгирии занони соҳибкор аз ҷониби давлат ва мақомоти маҳаллӣ яке аз василаҳои муҳими таҳкими баробарии гендерӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии ҷомеа мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон
