Зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ дар меҳвари конфронси байналмилалӣ дар Душанбе - ИА Караван Инфо
Зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ дар меҳвари конфронси байналмилалӣ дар Душанбе

Душанбе, 2 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино конфронси 74-уми байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ: марзҳои нави илм ва амалияи тиб» баргузор гардид.

Чорабинӣ ба баррасии дастовардҳои муосири илми тиб, истифодаи зеҳни сунъӣ дар ташхису табобати бемориҳо, рушди роҳҳалҳои рақамӣ дар соҳаи тандурустӣ ва таҳкими робитаҳои байналмилалии илмӣ бахшида шуд.

Зимни суханронӣ ректори донишгоҳ Муҳиддин Нуриддин таъкид кард, ки соҳаи тиб имрӯз марҳилаи тағйироти густурдаи технологиро аз сар мегузаронад. Ба гуфтаи ӯ, зеҳни сунъӣ, таҳлили маълумот ва роҳҳалҳои рақамӣ дигар танҳо технологияҳои оянда нестанд, балки аллакай ба амалияи тиб ворид гардида, имкониятҳои мутахассисонро васеъ менамоянд.

Истифодаи чунин технологияҳо ба баланд бардоштани дақиқии ташхис, такмили равандҳои табобат ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ мусоидат мекунад.

Дар ҷараёни конфронс ҳамчунин аҳамияти табодули таҷрибаи касбӣ ва ҳамкориҳои илмӣ барои ҷорӣ намудани дастовардҳои нав дар низоми тандурустӣ таъкид гардид.

Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён изҳори итминон намуданд, ки конфронси 74-уми байналмилалии илмӣ-амалӣ ҳамчун минбари муҳими муколамаи илмӣ, табодули таҷрибаи касбӣ ва баррасии дурнамои рушди тибби муосир хизмат хоҳад кард.

Акс: Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино