Женева: Тоҷикистону СММ густариши ҳамкориро дар соҳаи ҳуқуқи инсон баррасӣ карданд – ИА Караван Инфо
Женева: Тоҷикистону СММ густариши ҳамкориро дар соҳаи ҳуқуқи инсон баррасӣ карданд

Душанбе, 14 апрел, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Женева мулоқоти вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён бо Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон Фолкер Тюрк баргузор гардид. Ин вохӯрӣ 13 апрел доир шуда, идомаи муколамаи мунтазами Тоҷикистон бо ниҳодҳои калидии низоми СММ ба ҳисоб меравад.

Тавре Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар дод, дар маркази гуфтушунид вазъияти кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон қарор дошт. Ҳамзамон пешрафти кишвар дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо ба механизмҳои ҳамкории байналмилалӣ, аз ҷумла раванди баррасии даврии универсалӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ин равандро ба таври мунтазам ва созанда идома медиҳад ва ҳамкориро бо сохторҳои шартномавии СММ густариш медиҳад.

Вазири адлия Музаффар Ашуриён изҳор дошт, ки Тоҷикистон минбаъд низ ба таҳкими ниҳодҳои ҳуқуқӣ дар асоси принсипҳои волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон аҳамияти махсус медиҳад.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва татбиқи ҳадафҳои Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи ҳуқуқи инсон таъкид карданд. Ин раванд дар маҷмӯъ ба таҳкими муколамаи созанда ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад.

Акс: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

error: