Дар Красноярск (Русия) мусобикаи анъанавии байналмилали оид ба гуштинг Чоми Иван Яригин, ки яке аз мусобикахои бонуфузтарин дар чахони мубориза мебошад, ба анчом расид. Дастаи мунтахаби занонаи Казокистон натичаи шоиста нишон дода, дар мусобика се медал ба даст овард.

Кахрамони асосии мусобика Элмира Сиздикова буд, ки дар категорияи вазни то 76 килограмм баромад менамуд. Вай сатхи баланди махорат ва иродаи пирузи нишон дод, ки хамаи мархилахои пешакиро бо бовари паси сар намуд ва ба финал баромад. Дар муборизаи халкунанда Элмира бо ракиби пуркуввати Даваанасан Ачх – Амар аз Мугулистон вохурд.
Дар муборизаи пуршиддати нихои, Элмира Сиздикова пирузии катъи ба даст оварда, медали тиллои Чоми Иван Яригинро ба даст овард.
Гайр аз медали тиллои Элмира Сиздикова, гушингирхои казокистони дар категорияи вазни то 62 килограмм ду чоизаи дигар ба даст оварданд. Виктория Хусаинова дар финал аз маглуб шуда, чоизаи нукра гирифт ва Тинис Дубек медали биринчи ба даст овард.
Аксхо: Olympic.kz