“Сафар ба дили Авруосиё”: фарханг, дусти ва ояндаи муштарак – ИА Караван Инфо
"Сафар ба дили Авруосиё": фарханг, дусти ва ояндаи муштарак

Душанбе, 24 июн, АИ «Караван Инфо». Экспедитсия, ки панч кишварро муттахид намуд, рамзи вахдат, хамкори ва имкониятхои нав барои рушди Осиёи Маркази гардид

Экспедитсияи байналмилалии сайёхи “Сафар ба дили Авруосиё-2025” як лоихаи бузурги гуманитари-иктисоди гардид, ки дар он фарханг, технология ва дипломатияи чамъияти ба хам пайвастанд. Дар мохи июн аз Москва огоз ёфта, экспедитсия аз якчанд минтакахои Русия ва Казокистон мегузарад ва мохи июл дар шахри Душанбе ба анчом мерасад.

Ташкилкунанда маркази Байналмилалии хамгироии минтакави бо дастгирии макомоти давлати, ташкилотхои таълими ва сайёхи буд. Дар экспедитсия зиёда аз 100 нафар аз Русия, Казокистон, Киргизистон, Узбекистон ва Точикистон журналистон, блогерхо, донишчуён, намояндагони доирахои илми ва тичорати иштирок мекунанд.

Яке аз лахзахои барчастаи рамзии экспедитсия супоридани “паёмхои дусти” буд. Иштирокчиён онро аз Аралск (Казокистон) ба шахри Кулоб (Точикистон) мебаранд. Ин ишора хохиши хамзистии осоишта, табодули фарханги ва ташаккули шарикии устувори байни халкхоро таъкид мекунад.

Казокистон иштирокчиёни экспедитсияро бо тантана пешвоз гирифт. Дар шахри Уралск дар ифтитохи мархила намояндагони Ассамблеяи халки Казокистон ва Консулгарии Генералии Русия иштирок намуданд. Ба мехмонон консерти рангоранг бо иштироки 17 иттиходияи этнофарханги, намоишгохи анъанахо, инчунин намоиши беназири бозии миллии «Кокпар» ва мусобикахои тирандозон пешниход намуда шуд.

Ташрифи Дехаи Этники «Номад Ауил», ки дар он маросими шинонидани дарахтон хамчун рамзи дусти баргузор шуд, таваччухи хосаро ба бор овард. Дар юртахои кучманчиён иштирокчиён хурок ва чойро таксим намуда, расму оинхои фархангии халки казокро омухтанд.

Хайати Точикистон ба Аралск ташриф овард, ки дар он чо ба Аллеяи мохигирон, осорхонаи таърихи мохи, киштии кухнаи “Лев Берг” ва бандари сохили хушкшудаи бахри Арал – ки холо ёдраскунандаи мухими окибатхои офатхои экологи мебошад, ташриф овард. Инчунин ба мамнуъгохи Барсакелмес, ки аз чихати гуногунии биологи беназир аст, ташриф оварда шуд.

Барномаи экспедитсия зиёда аз 150 чорабиниро дар бар мегирад: форумхо, сессияхои фарханги, конфронсхои илми ва майдончахои амали, ки ба рушди хамкори дар сохаи сайёхи, рушди устувор, ташаббусхои чавонон ва маърифати экологи равона шудаанд.

Финали экспедитсия форуми байналмилалии иктисодии Осиёи Маркази хохад буд, ки санаи 22 июл дар шахри Душанбе баргузор мешавад. Интизор меравад, ки зиёда аз 500 вакил, аз чумла вазирон, дипломатхо, сохибкорон ва намояндагони созмонхои чавонон иштирок кунанд.

Экспедитсияи “Сафар ба дили Авруосиё” на танхо як масир тавассути кишвархо ва шахрхо, балки рохи ташаккули хувияти умумии Авруосиё, тахкими хамдигарфахми, эътимод ва рушди устувор аст. Ин паём ба наслхои оянда дар бораи хамбастаги, фарханг ва сулх аст.

АКСХО: Консулгарии Генералии Русия дар Уралск

error: