Душанбе, 21 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти цехи нави ордбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ирода Инвест» расман оғоз бахшид.

Сехи нав бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, иқтидори коркарди то 600 тонна гандумро дар як шабонарӯз дорад. Дар корхона таҷҳизоти муосир барои коркарди гандум, анбори нигоҳдории ашёи хом бо иқтидори 28 ҳазор тонна ва анбори нигоҳдории маҳсулоти тайёр мавҷуд аст.
Орд дар ин ҷо асосан аз гандуми навъҳои «Хайпро» ва «Дурум» истеҳсол мешавад ва барои тайёр кардани хамири пицца, баъзе навъҳои нон, самбуса ва дигар маҳсулоте, ки хамири мустаҳкам ва баландсифат талаб мекунанд, истифода мешавад. Ба роҳ мондани чунин истеҳсолот имкон медиҳад, ки эҳтиёҷоти бозори дохилӣ ба маҳсулоти босифати ватанӣ бештар қонеъ гардонида шавад.
Бо ба истифода додани цех 50 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Ин ташаббус дар баробари рушди истеҳсолот ба баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва эҷоди ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.

Корхона ҳамчунин дорои сехи нави механикӣ мебошад, ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти худӣ бунёд шудааст. Сех барои таъмир, нигоҳубини техникӣ ва хизматрасонии таҷҳизоти истеҳсолӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар ин ҷо корҳои сохтани қисмҳои эҳтиётӣ, кафшер, васлкунӣ ва дигар амалиётҳои шабеҳ анҷом дода мешаванд. Ба истифода додани сехи механикӣ имкон медиҳад, ки сифати нигоҳубини техникӣ баланд бардошта шавад, муҳлати таъмири таҷҳизот кӯтоҳ гардад, хароҷоти истеҳсолӣ кам шавад ва самаранокии фаъолияти корхона афзоиш ёбад.
Технологияҳои муосире, ки дар корхона насб шудаанд, аз Швейтсария ворид карда шудаанд ва нисбат ба таҷҳизоти пешина 20 фоиз камтар қувваи барқ масраф мекунанд.

Дар идомаи сафар Сарвари давлат бо намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ирода Инвест» шинос шуд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти гуногуни ватанӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуни орд, маҳсулоти ордӣ, равғани растанӣ ва дигар маҳсулот пешниҳод гардиданд.
Пешвои миллат бо навъҳо ва сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда шинос шуда, ташаббусҳои соҳибкорон ва истеҳсолкунандагонро дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва эҷоди ҷойҳои нави корӣ баланд арзёбӣ намуд.

Таъкид гардид, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии давлат рушди истеҳсоли ватанӣ, коркарди ашёи хом, эҷоди ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва афзоиши ҳаҷми содирот мебошад.
Дар ин робита ба соҳибкорон тавсияҳои муфид оид ба истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулот мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, ҷалби мутахассисони соҳибихтисос ва саҳми бештар гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуданд.
Ба истифода додани цехи нави ордбарорӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қадами навбатии амалӣ дар рушди саноати коркард, таҳкими амнияти озуқаворӣ ва дастгирии истеҳсолкунандаи ватанӣ мебошад.
Акс: АМИТ «Ховар»
