Душанбе, 21 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 20 сентябр дар идомаи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар деҳаи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гимназияи хусусии «Ҳаёт» ба истифода дода шуд.

Ин муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Абдуҳалил Розиқов, Ҷӯрабой Азимов, Муродҷон Ҷӯраев ва Нозим Иброҳимов бо сифат ва дар муддати кӯтоҳ бунёд гардидааст.
Бинои нав аз чор ошёна иборат буда, 45 синфхона ва 41 ҳуҷраи ёрирасонро дар бар мегирад. Гимназия барои таҳсили 1200 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст, ки барои онҳо шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар муассиса кабинетҳои мусиқӣ, меҳнат, физика, химия, биология ва технологияҳои иттилоотӣ муҷаҳҳаз гардидаанд. Таҷҳизонидани кабинетҳои махсус имкон медиҳад, ки раванди таълим бо истифодаи усулҳои муосир ташкил карда шавад, инчунин шавқ ва кӯшиши хонандагон ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва табиӣ ва технологияҳои нав баланд бардошта шавад.

Дар ҷараёни шинос шудан ба Пешвои миллат хабар дода шуд, ки дар гимназия толори маҷлисӣ бо 500 ҷой, ошхона бо 200 ҷойи нишаст ва китобхонаи муосир бунёд гардидаанд. Объектҳои ёрирасон шароити заруриро барои баргузории чорабиниҳои таълимӣ ва фарҳангӣ, инчунин истифодаи васеи адабиёти таълимӣ ва бадеӣ фароҳам меоранд.
Ҳамзамон бо ба истифода додани гимназияи хусусии «Ҳаёт» 70 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Ифтитоҳи гимназияи хусусии «Ҳаёт» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар чорчӯбаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамчун ташаббуси муҳими созанда арзёбӣ гардид, ки ба таҳкими пояи моддию техникии соҳаи маориф ва эҷоди шароити шоиста барои таҳсили хонандагон мусоидат мекунад.
Ба истифода додани муассисаи таълимии муосир дастгирии пайвастаи давлат ва бахши хусусиро ба рушди низоми маориф, эҷоди муҳити мусоиди таълимӣ ва васеъ кардани имкониятҳо барои насли наврас дар минтақаҳои кишвар тасдиқ менамояд.
Акс: АМИТ «Ховар»
