Душанбе, 23 август, АИ «Караван Инфо». Санаи 21 август мулокоти директори Агентии авиатсияи граждании Назди Хукумати Чумхурии Точикистон Хабибулло Назарзода бо Сафири Фавкулодда ва Ваколатдори Чумхурии Мардумии Чин дар Точикистон Го Жиджун баргузор гардид.

Чонибхо масъалахои тахкими хамкори дар рушди авиатсияи граждани, аз чумла:
1. ифтитохи Парвозхои Мустакими Душанбе-Сиан ва Душанбе-Гуанчжоу,
2. такмили парвозхо ба самтхои Душанбе-Урумчи ва Душанбе-Пекин.
Иштирокчиён ахамияти баланд бардоштани сатхи касбии мутахассисони авиатсияи граждани, гузаронидани курсхои омузиши оид ба масъалахои амнияти авиатсиони ва васеъ намудани мубодилаи тачриба бо шарикони байналмилалиро таъкид намуданд.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин вохурихо ва зиёд намудани шумораи хатсайрхо бо ширкатхои хавопаймоии хоричи ба татбики сиёсати “осмони Кушод”, ки аз санаи 12 июни соли 2025 дар фурудгоххои байналмилалии Точикистон чори гардидааст, мусоидат менамояд. Агентии мазкур барои бехтар намудани алокаи хавопаймои ва осон намудани харакати шахрвандон дар доираи хатсайрхои кушод ва зиед намудани шумораи парвозхо фаъолона кор мекунад.
АКСХО: Агентии авиатсияи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон