Душанбе, 17 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар майдони таълимии кӯҳии «Лоҳур»-и Тоҷикистон ҳайатҳои операторони ҳавопаймоҳои бесарнишини иктишофӣ ва дронҳои зарбавии FPV-и пойгоҳи ҳарбии гвардиявии 201-уми Русия машқҳои мураккаби тактикӣ баргузор карданд. Машқҳо ба барномаи омодагии ҷангии воҳидҳои қӯшунҳои системаҳои бесарнишинӣ дохил буда, ба такмили амалҳо дар шароити релефи мураккаби кӯҳӣ равона шуданд.

Тибқи сенарияи машқ, разведкаи ҳавоӣ дар дараи душворгузари кӯҳӣ техникаи пинҳоншуда ва неруи зиндаи рақиби шартиро ошкор намуд. Координатҳои ҳадафҳои муайяншуда фавран ба операторони дронҳои зарбавӣ интиқол дода шуда, баъдан ҳадафҳо мавриди зарбаи нуқтавӣ қарор гирифтанд.
Диққати махсус ба омодагии ҳайатҳои операторони FPV бевосита дар шароити баландкӯҳ равона гардид. Хизматчиёни ҳарбӣ тамоми марҳилаи омодасозӣ ва ба парвоз баровардани бесарнишинҳоро бо лавозимоти ҷангии штатӣ, бо дарназардошти шамоли сахту тағйирёбанда ва хусусиятҳои релеф, коркард намуданд. Дар ҷараёни машқҳои амалӣ инчунин партофти нуқтавии борҳои хурдҳаҷм ва лавозимоти ҷангии тарканда-порашаванда ба мавқеъҳои рақиби шартӣ иҷро гардид.

Қисми алоҳидаи барномаи машқро парвозҳои шабона бо истифода аз дастгоҳҳои биниши шабона ташкил доданд. Ин имкон фароҳам овард, ки имкониятҳои операторон барои ошкор ва нобудсозии ҳадафҳо дар шароити маҳдуд будани дид санҷида шавад. Ҳангоми баргузории машқҳо инчунин усулҳои тактикӣ ва методикаҳое истифода шуданд, ки хизматчиёни ҳарбии Русия дар ҷараёни амалиёти махсуси ҳарбӣ ба даст овардаанд.
Истифодаи якҷояи ҳавопаймоҳои бесарнишини иктишофӣ ва системаҳои FPV аз ташаккули як занҷири ягонаи технологӣ шаҳодат медиҳад, ки дар он ошкорсозии ҳадаф, интиқоли координатҳо ва истифодаи дрони зарбавӣ ба як раванди фаврии амалиётӣ муттаҳид мешаванд.

Барои пойгоҳи 201-ум коркарди чунин малакаҳо маҳз дар шароити кӯҳистонии Тоҷикистон аҳамияти хос дорад. Релефи баландкӯҳ, шамоли сахт, маҳдудияти дид ва душворгузарии баъзе қитъаҳо ба омодагии операторон ва устувории идоракунии системаҳои бесарнишин талаботи бештар мегузорад.
Дар маҷмӯъ, чунин машқҳо аз идомаи ворид намудани технологияҳои бесарнишин ба низоми муосири омодагии ҳарбӣ ва такмили ҳамоҳангии байни воҳидҳои иктишофӣ ва зарбавӣ шаҳодат медиҳанд. Қобилияти амал дар шароити мураккаби табиии Помир ҳамчун яке аз унсурҳои таҳкими иқтидори амнияти минтақавӣ ва ҳифзи марзҳои ҷанубии минтақа арзёбӣ мешавад.
Акс: Шуъбаи ҳамкории ҳарбӣ- шаҳрвандии Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия
