Душанбе, 17 август, – АИ «Корвон Иттилоот». 14 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ баргузор гардид. Ин чорабинӣ на танҳо майдони фурӯши маҳсулоти тару тоза, балки намоиши равшани дастовардҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳунарии вилояти Суғд дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гардид.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз ярмарка-фурӯш ва намоишгоҳ боздид намуданд.
Чорабинӣ дар доираи Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар шаҳри Душанбе ва тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ташкил карда шуд. Дар он дастовардҳои кишоварзон, истеҳсолкунандагон ва ҳунармандони вилоят муаррифӣ гардиданд.

Аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд зиёда аз 1200 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин маҳсулоти саноатӣ пешниҳод карда шуд. Меваю сабзавот, картошка, пиёз, сабзӣ, помидор, бодиринг, маҳсулоти полезӣ ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои нисбат ба бозор арзон ба фурӯш гузошта шуданд. Фаровонии маҳсулот аз рушди соҳаи кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва имкониятҳои васеи истеҳсолии вилоят шаҳодат дода, барои сокинону меҳмонони пойтахт имкони харидории маҳсулоти тару тоза ва хушсифатро фароҳам овард.
Дар растаҳои махсус ҳунарҳои мардумии вилояти Суғд ба намоиш гузошта шуданд. Маҳсули дастони ҳунармандон — чакан, гулдӯзӣ, адрасу атлас, кулолгарӣ, заргарӣ, кандакорӣ ва дигар намудҳои ҳунарҳои суннатӣ муаррифӣ гардиданд.

Дар бахши дигар таомҳои миллии тоҷикӣ, нонҳои суннатӣ, шириниҳо ва дигар маҳсулоти хоси фарҳанги ғизоии мардуми Суғд пешниҳод шуда, анъанаҳои меҳмоннавозӣ ва фарҳанги бойи миллиро инъикос намуданд.
Таъкид гардид, ки рушди босуботи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла саноату кишоварзӣ, дар даврони соҳибистиқлолӣ ба фароҳам омадани шароити мусоид барои фаъолияти истеҳсолӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат кардааст.

Бо роҳбарӣ ва сиёсати созандаи Пешвои миллат дар кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд, барои рушди соҳаҳои гуногун, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулот ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои пайваста амалӣ мешаванд. Имрӯз рушди саноату кишоварзӣ дар вилоят ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва фаровонии маҳсулот мусоидат менамояд.
Аз нуқтаи назари таҳлилӣ баргузории чунин ярмаркаҳо дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлол аҳамияти хосса дорад. Онҳо бозгӯи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, рушди устувори соҳаҳои гуногун ва саҳми арзандаи мардуми вилояти Суғд дар ободиву пешрафти кишвар мебошанд.

Рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо дар пойтахт бори дигар собит менамоянд, ки бо татбиқи сиёсати созандаи Пешвои миллат барои рушди иқтисодӣ, ҳифзу эҳёи фарҳанги миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ заминаҳои устувор фароҳам омадаанд.

Акс: хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд / АИ «Караван Инфо»
