Табодули асирон: 146 сарбози рус ба ватан баргаштанд – ИА Караван Инфо
Табодули асирон: 146 сарбози рус ба ватан баргаштанд

Москва, 25 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо».  Рузи истирохати гузашта табодули навбатии асирони чанг сурат гирифт. Аз каламрави зери назорати Киев 146 сарбози рус, ки каблан дар асири буданд, ба Ватан баргаштанд.

Дар иваз ба чониби украина 146 нафар дода шуданд. Тартиби мубодила дар Каламрави Чумхурии Беларус гузаронида шуд.

Гайр аз низомиён, хашт шахрванди Вилояти Курск, ки аз чониби гуруххои украини гайриконуни нигох дошта мешуданд, баргардонида шуданд. Онхо ба зуди ба хонахои худ интикол дода мешаванд.

Тибки маълумоти хадамоти матбуотии штаби Хамохангсозии Украина, табодули формулаи 1000 ба 1000, ки мохи майи соли 2025 баргузор шуд, даври шашуми табодули асирон дар соли 2025 ва табодули 65-ум аз огози амалиёти махсуси харби буд.

Дар Белорус ба озодшудагон ёрии тибби ва равони расонида мешавад. Пас аз муътадил шудани вазъ, онхо барои табобат ва баркарорсозии минбаъда ба муассисахои профилии Вазорати мудофиаи ФР фиристода мешаванд.

Дар ташкили мубодила миёнаравхои хусусияти гуманитари аз Аморати Муттахидаи Араб накши махсус бозиданд. Тавре ки манбаъхои расми кайд мекунанд, ин бори аввал нест, ки АМА ба раванди бозгашти асирон мусоидат мекунад.

Чониби Русия мунтазам асирони чангиро иваз мекунад, дар холе ки ба саломати ва дастгирии минбаъдаи чангиёни озодшуда диккати махсус дода мешавад.

Дар марказхои профили хизматчиёни харби аз муоина, табобат ва баркарорсози мегузаранд. Миёнаравхои байналмилали, аз чумла АМА, борхо дар чунин миссияхои башардустона хамчун пайвандгар баромад намудаанд.

Аксхо: RT

error: