Душанбе, 26 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон соли 2026-ро бо коҳиши ҳаҷми қарзи хориҷӣ ба андозаи қариб 170 миллион доллар оғоз кард. Тибқи маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, то 1 апрел ҳаҷми умумии қарзи хориҷии кишвар 2 миллиарду 839,2 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба оғози сол назаррас камтар мебошад.

Дар назари аввал, ин тамоюл мусбат менамояд: Душанбе идомаи иҷрои уҳдадориҳои қарзиро таъмин карда, сатҳи қарзи хориҷиро дар доираи идорашаванда нигоҳ медорад. Аммо дар паси коҳиши ин нишондиҳанда манзараи мураккабтари молиявию иқтисодӣ қарор дорад, ки дар он ҳамзамон бо кам шудани қарзи қаблӣ давлат омодагӣ мегирад, то барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ қарзҳои нави бузург ҷалб кунад.
Тибқи маълумоти Вазорати молия, беш аз 2,7 миллиард доллар ба қарзи мустақими давлатӣ рост меояд, ки барои иҷрои уҳдадориҳои ҳукумат ва барномаҳои зербиноӣ истифода мешавад. Ҳудуди 130 миллион доллари дигарро қарзҳое ташкил медиҳанд, ки бо кафолати давлатӣ гирифта шудаанд.
Ҳамзамон, дар буҷети давлатии соли 2026 барои хизматрасонӣ ва пардохти қарзи асосии хориҷӣ тақрибан 5,1 миллиард сомонӣ, яъне ҳудуди 540 миллион доллар пешбинӣ шудааст. Дар баробари ин, ҳукумат қасд дорад дар ҳамин сол барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ беш аз 6,3 миллиард сомонӣ, ё тақрибан 670 миллион доллар қарзҳои нав ҷалб намояд.
Ба ин тартиб, ҷумҳурӣ амалан стратегияи «қарзгирии назоратшаванда»-ро идома медиҳад: коҳиши бахше аз уҳдадориҳои пешина ҳамзамон бо ҷалби манобеи нав барои маблағгузории энергетика, нақлиёт, зербинои коммуналӣ ва дигар лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ сурат мегирад.
Қарздиҳандаи асосии хориҷии Тоҷикистон ҳамоно Бонки Эксимии Чин боқӣ мемонад. Тибқи маълумоти Вазорати молия, қарздорӣ дар назди ин бонк то ҳудуди 700 миллион доллар кам шудааст. Бо вуҷуди ин коҳиш, Пекин мақоми бузургтарин шарики молиявии ҷумҳуриро дар самти қарзҳои давлатӣ нигоҳ медорад.
Дар қатори қарздиҳандагони асосӣ ҳамчунин Бонки ҷаҳонӣ — тақрибан 380 миллион доллар, Бонки осиёии рушд — беш аз 250 миллион доллар, Бонки исломии рушд — зиёда аз 250 миллион доллар, Сандуқи байналмилалии асъор — 195 миллион доллар ва Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд — ҳудуди 165 миллион доллар қарор доранд.
Дар шароити мавҷудияти бори қарзӣ, мақомот назоратро болои корхонаҳои давлатӣ ва ширкатҳои дорои саҳми давлатӣ тақвият медиҳанд. Дар оғози сол ҳукумат ба қарзгирандагони бузург супориш дод, ки уҳдадориҳои худро сари вақт пардохт намоянд ва ҳар семоҳа ба Вазорати молия ҳисобот пешниҳод кунанд.
Сухан дар бораи иҷрои уҳдадориҳо аз рӯи созишномаҳои субқарзӣ меравад — механизме, ки тибқи он давлат қарзҳои хориҷиро ҷалб намуда, баъдан онҳоро ба корхонаҳои давлатӣ интиқол медиҳад ва уҳдадории бозгардонидани маблағро ба зиммаи худи онҳо мегузорад.
Дар рӯйхати қарздорон тақрибан 20 корхона, ширкат ва ташкилоти дорои сармояи давлатӣ қарор доранд, аз ҷумла ҶСК «Барқи тоҷик», КВД «Обу корези Душанбе», ҶСК «Тоҷиктрансгаз», Бонки амонатгузории «Амонатбонк», ҶСК «Помир энерҷи», КВД «Роҳҳои оҳани Тоҷикистон», ҶСК «Ширкати алюминийи тоҷик», ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» ва дигар сохторҳои стратегӣ.
Коршиносон таъкид мекунанд, ки барои Тоҷикистон масъалаи қарзи хориҷӣ мустақиман бо вазифаҳои навсозии зербино ва энергетика пайванд дорад. Иқтисоди кишвар то ҳол ба сармоягузориҳои бузург ниёз дорад, ки таъмини онҳо танҳо аз ҳисоби манобеи дохилӣ душвор аст. Аз ҳамин сабаб, Душанбе ҳамоно миёни зарурати рушд ва ҳадафи нигоҳ доштани устувории қарзӣ тавозун меҷӯяд.
Дар ҳамин ҳол, коҳиши қарз дар семоҳаи аввал метавонад нишонаи талоши мақомот барои таҳкими интизоми молиявӣ ва кам кардани хавфи вобастагии аз ҳад зиёд ба қарзгирии хориҷӣ дар пасманзари бесуботии иқтисоди ҷаҳонӣ ва афзоиши арзиши қарзҳои байналмилалӣ арзёбӣ шавад.
АКС: Asia-Plus
