Душанбе, 05 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Имрӯз дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe Форуми соҳибкории занон, сармоягузорӣ ва технология таҳти унвони «3F Forum Tajikistan 2026» ба кори худ оғоз намуд. Чорабинӣ рӯзҳои 4–5 июн баргузор гардида, намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, бахши хусусӣ ва доираҳои коршиносии кишварҳои минтақаро ба ҳам овардааст.

Форум ба яке аз муҳимтарин майдонҳои муколама дар масъалаҳои рушди соҳибкории занон, ҷалби сармоя, татбиқи технологияҳои нав ва густариши ҳамкории иқтисодии минтақавӣ табдил ёфтааст. Дар давоми ду рӯз иштирокчиён масъалаҳои марбут ба рушди инноватсия, иқтисоди рақамӣ ва имкониятҳои нави соҳибкориро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Дар кори форум муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чаманоро Одиназода иштирок ва суханронӣ намуд. Ӯ аҳамияти таҳкими нақши занонро дар рушди иқтисодӣ ва зарурати фароҳам овардани имкониятҳои нав барои иштироки фаъолонаи онҳо дар равандҳои соҳибкорӣ ва технологӣ таъкид кард.
Ҳузури намояндагони кишварҳои гуногуни минтақа ба форум имкон медиҳад, ки ҳамчун платформаи муассири мубодилаи таҷриба, ҷустуҷӯи шарикони нав ва роҳандозии ташаббусҳои муштарак хизмат намояд.
Ҳадафи асосии баргузории форум ташаккули як «долони сабзи минтақавӣ» барои ҳамкории фаромарзии занони соҳибкор дар бахшҳои технология, инноватсия ва сармоягузорӣ арзёбӣ мешавад. Ин ташаббус ба рушди шабакаҳои ҳамкорӣ, дастрасии бештари занон ба бозорҳо ва сарчашмаҳои молиявӣ, инчунин истифодаи васеи технологияҳои муосир мусоидат хоҳад кард.
Ба андешаи иштирокчиён, дар шароити тағйирёбии босуръати иқтисоди ҷаҳонӣ ва густариши рақамикунонӣ таъсиси чунин механизмҳои ҳамкорӣ аҳамияти рӯзафзун пайдо мекунад. Он метавонад барои ташаккули муҳити устувори соҳибкорӣ ва рушди иқтисоди сабз дар сатҳи минтақа замина фароҳам оварад.
Барои Тоҷикистон баргузории форуми мазкур аҳамияти хос дорад. Дар солҳои охир дар кишвар сиёсати дастгирии соҳибкории занон пайваста тақвият ёфта, имкониятҳои дастрасӣ ба маблағгузорӣ, омӯзиш ва рушди малакаҳои идоракунӣ васеъ гардидаанд.
Аз ин рӯ, «3F Forum Tajikistan 2026» танҳо як чорабинии корӣ нест, балки қадами муҳим дар самти ташаккули фазои нави ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки дар он занон ҳамчун иштирокчиёни фаъоли рушди инноватсионӣ ва сармоягузорӣ нақши калидӣ мебозанд.
Акс: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
