Душанбе, 06 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон ва Эрон масъалаи гузариш аз муносибатҳои анъанавии тиҷоратӣ ба ҳамгироии амиқи истеҳсолӣ ва технологиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ин мавзӯъ яке аз масъалаҳои меҳварии мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Вазири саноат, маъдан ва савдои Ҷумҳурии Исломии Эрон гардид, ки дар ҳошияи Ҷаласаи чоруми вазирони саноати давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд.
Имрӯз муколамаи иқтисодии ду кишвар тадриҷан аз доираи мубодилаи анъанавии молу маҳсулот берун рафта, бештар ба таъсиси истеҳсолоти муштарак, интиқоли технологияҳо ва ташаккули занҷираҳои нави истеҳсолӣ равона мегардад. Маҳз дар ҳамин замина ҷонибҳо лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба таъсиси парки муштараки саноатиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.
Дар ҷараёни музокирот таъкид гардид, ки имрӯз Созмони ҳамкории Шанхай ба як минбари муҳими рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва саноатӣ табдил ёфтааст. Кишварҳои аъзои созмон дорои захираҳои табиӣ, иқтидори истеҳсолӣ ва имкониятҳои илмию техникӣ мебошанд, ки метавонанд заминаи татбиқи лоиҳаҳои бузурги минтақавиро фароҳам оваранд.
Барои Тоҷикистон ин масъала аҳамияти махсус дорад, зеро кишвар сиёсати саноатикунонии босуръатро амалӣ намуда, рушди бахши истеҳсолиро яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати иқтисодии худ қарор додааст. Дар солҳои охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба таври назаррас афзоиш ёфта, соҳаҳои кӯҳкорӣ, металлургия, нассоҷӣ, саноати хӯрокворӣ ва коркард ба самтҳои афзалиятнок табдил ёфтаанд.
Дар музокирот инчунин ба иқтидори захиравии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Аз ҷумла, сухан дар бораи имкониятҳои истихроҷ ва коркарди ашёи хоми стратегӣ, аз ҷумла металлҳои нодири замин меравад. Дар шароите ки ҷаҳон ба рушди технологияҳои рақамӣ ва энергетикаи сабз рӯ меорад, талабот ба чунин захираҳо сол то сол меафзояд ва онҳо аҳамияти стратегӣ касб мекунанд.
Эрон бошад, ҳамчун шарике арзёбӣ мешавад, ки метавонад ба Тоҷикистон технологияҳои истеҳсолӣ, таҷрибаи муҳандисӣ ва моделҳои муосири ҳамкории саноатиро пешниҳод намояд. Аз ин рӯ, ташаббуси таъсиси парки муштараки саноатӣ на танҳо ҳамчун як лоиҳаи сармоягузорӣ, балки ҳамчун намунаи нави ҳамкории дарозмуддати иқтисодӣ байни ду кишвар арзёбӣ мегардад.
Дар доираи Нақшаи ҳамкорӣ барои солҳои 2025–2027 ҷонибҳо як қатор самтҳои афзалиятнокро муайян намуданд. Аз ҷумла, таъсиси кластерҳои нассоҷӣ дар заминаи ашёи хоми пахтаи Тоҷикистон бо истифода аз технологияҳои Эрон, татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи металлургия ва коркарди канданиҳои фоиданок, истеҳсоли техникаи кишоварзӣ, рушди саноати дорусозӣ ва биотехнологияҳо аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Ба рӯйхати самтҳои дорои дурнамои баланд инчунин истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, рушди саноати химия ва коркарди ангишт дохил шуданд. Ин нишон медиҳад, ки сухан танҳо дар бораи як тарҳи алоҳида намеравад, балки талош барои ташаккули низоми васеи ҳамкории истеҳсолӣ аст, ки метавонад якчанд бахши иқтисодро фаро гирад.

Масъалаҳои рушди инфрасохтори логистикӣ низ дар музокирот ҷойгоҳи муҳим доштанд. Барои роҳандозии истеҳсолоти муштарак танҳо ҷалби сармоя ва технология кофӣ нест. Зарур аст, ки масирҳои устувори нақлиётӣ, занҷираҳои боэътимоди таъминот ва инфрасохтори муосир барои истеҳсол ва содироти маҳсулот фароҳам оварда шаванд. Аз ҳамин лиҳоз, ҷонибҳо ба рушди ҳамкории нақлиётӣ ва логистикӣ диққати махсус доданд.
Ҳамзамон дурнамои истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар идоракунии истеҳсолот муҳокима гардид. Ин масъала ба тамоюлҳои ҷаҳонии гузариш ба модели «Индустрия 4.0» мувофиқат мекунад, ки дар он самаранокии истеҳсолот бештар аз сатҳи автоматизатсия, таҳлили рақамӣ ва истифодаи технологияҳои интеллектуалӣ вобаста мебошад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки фаъол гардидани муколамаи саноатии Тоҷикистону Эрон дар замоне сурат мегирад, ки ҳар ду кишвар ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷустуҷӯи манбаъҳои нави рушд манфиатдоранд. Дар сурати амалӣ гардидани лоиҳаи парки муштараки саноатӣ, он метавонад ба яке аз намунаҳои барҷастаи ҳамкории истеҳсолии дуҷониба табдил ёфта, барои рушди минбаъдаи бахши саноати Тоҷикистон такони нав бахшад.
Дар шароити рақобати рӯзафзуни минтақа барои ҷалби сармоя, технология ва бозорҳои нав чунин ташаббусҳо аҳамияти на танҳо иқтисодӣ, балки стратегӣ низ пайдо мекунанд. Барои Тоҷикистон ин имкониятест, ки заминаи саноатии худро таҳким бахшида, иқтидори содиротиро густариш диҳад ва дар роҳи ташаккули иқтисоди рақобатпазир, устувор ва технологӣ қадами нав гузорад.
Акс: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
