Душанбе, 06 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Санаи 4-уми июн вохурии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода бо як қатор роҳбарону масъулини ширкатҳои сармоягузори ватанию хориҷӣ, ки лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузориро дар доираи механизми созишномаи сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар татбиқ намуда истодаанд, баргузор гардид.

Дар ҷаласа, инчунин намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи андоз, Агентии омор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар оғози ҷаласа Раис Султон Раҳимзода бо натиҷагирӣ аз рафти татбиқи созишномаҳои сармоягузорӣ, муҳимияти ҳамкорӣ ва муколамаи доимию созандаро байни мақомоти давлатӣ ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ таъкид намуда, изҳор дошт, ки ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои навовариву рақобатпазир яке аз афзалиятҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири таъмини рушди устувор иқтисодиёти кишвар мебошад.

Дар ҷаласа, инчунин масъалаҳои мубрами марбут ба фароҳам овардани шароити мусоиду рақобатпазири сармоягузорӣ, рафъи монеаҳои мавҷуда дар раванди татбиқи лоиҳаҳо, такмили механизмҳои ҳамкорӣ байни сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ, инчунин масъалаҳои молиявию ҳуқуқӣ ва техникии татбиқи лоиҳаҳо мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ
