Қазоқистон ва Туркия ҳамкориҳои ҳуқуқии байналмилалиро баррасӣ намуданд - ИА Караван Инфо
Қазоқистон ва Туркия ҳамкориҳои ҳуқуқии байналмилалиро баррасӣ намуданд

Остона, 18 июни соли 2026-АИ «Караван Инфо». Дар Остона даври навбатии машваратҳо байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Қазоқистон ва Туркия оид ба масъалаҳои ҳуқуқии байналмилалӣ баргузор шуд. Қазоқистонро директори департаменти байналмилалии ҳуқуқӣ Дастан Сулаймонов, ҷониби туркро директори генералии департаменти ҳуқуқи байналмилалӣ ва шартномаҳо Фират Сунел намояндагӣ менамуд.

Ҷонибҳо заминаи шартномавӣ – ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба, ҷанбаҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ дар ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима намуда, оид ба масъалаҳои мубрами ҳуқуқи байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Даври навбатии машваратҳо дар Қазоқистон баргузор мешавад.

Аксҳо: ВКХ ҶҚ