Аз партов то неруи барқ: Тоҷикистон таҷрибаи нахустин корхонаи коркарди партов ба энергияро дар Осиёи Марказӣ меомӯзад - ИА Караван Инфо
Аз партов то неруи барқ: Тоҷикистон таҷрибаи нахустин корхонаи коркарди партов ба энергияро дар Осиёи Марказӣ меомӯзад

Душанбе, 19 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Масъалаҳои ҷорӣ намудани технологияҳои муосири коркарди партовҳо ва рушди манбаъҳои алтернативии энергия имрӯз барои кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти бештар пайдо мекунанд. Дар ин замина таҷрибаи Қирғизистон, ки дар он нахустин корхонаи экологии минтақа оид ба табдили партовҳои маишӣ ба неруи барқ ба фаъолият оғоз кардааст, таваҷҷуҳи махсусро ба худ ҷалб менамояд.

18 июн ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа бо фаъолияти ин корхона шинос шуд. Боздид дар шаҳри Бишкек дар доираи иштирок дар Ҷаласаи шашуми вазирони энергетикаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

Ба ҳайати Тоҷикистон дар бораи фаъолияти иншооте маълумот дода шуд, ки дар ҳудуди партовгоҳи шаҳри Бишкек ҷойгир буда, аввалин корхонаи экологии коркарди партовҳои маишӣ бо истифода аз технологияи истеҳсоли энергия тавассути сӯзонидани назоратшавандаи партовҳо дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад.

Лоиҳа бо ҷалби сармояи ширкатҳои чинӣ ба маблағи 100 миллион доллар амалӣ гардидааст. Иқтидори истеҳсолии корхона имкон медиҳад, ки дар як шабонарӯз то 1200 тонна партовҳои сахти маишӣ коркард карда шавад. Ҳамзамон корхона то 30 мегаватт неруи барқ истеҳсол намуда, барои таъмини эҳтиёҷоти бахшҳои иҷтимоиву иқтисодӣ саҳм мегузорад.

Ба гуфтаи мутахассисон, чунин лоиҳаҳо имконият медиҳанд, ки якбора чанд мушкилоти муҳими шаҳрӣ ҳал карда шаванд. Аз ҷумла, ҳаҷми партовҳои ба партовгоҳҳо интиқолшаванда коҳиш ёфта, истеҳсоли иловагии неруи барқ таъмин мегардад ва таъсири манфӣ ба муҳити зист низ кам мешавад.

Барои Тоҷикистон, ки масъалаҳои идоракунии партовҳо ва таъмини устувори энергетикӣ дар шароити рушди шаҳрҳо ва афзоиши талабот ба захираҳо аҳамияти рӯзафзун пайдо мекунанд, чунин таҷриба аҳамияти амалӣ дорад. Дар бисёр кишварҳо технологияҳои табдили партов ба энергия ҳамчун ҷузъи муҳими гузариш ба иқтисоди «сабз» ва рушди устувор арзёбӣ мешаванд.

Зимни мулоқот роҳбарияти корхона ва ҳайати Тоҷикистон масъалаҳои роҳандозии ҳамкории минбаъда ва табодули таҷриба дар самти ҷорӣ намудани технологияҳои муосири коркарди партовҳо ва истеҳсоли неруи барқро баррасӣ намуданд.

Коршиносон бар он назаранд, ки омӯзиши чунин таҷриба метавонад барои ҷустуҷӯи роҳҳалҳои нави соҳаи энергетика ва ҳифзи муҳити зист, инчунин татбиқи лоиҳаҳои инноватсионии инфрасохторӣ дар Тоҷикистон замина фароҳам оварад.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон