Душанбе, 29 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Муваффақияти аспиранти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии автомобилии роҳсозии Маскав (МАДИ) боз як далели он аст, ки донишҷӯёни хориҷӣ имрӯз на танҳо таҳсил мекунанд, балки бо ташаббусҳои навоварона ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ низ саҳм мегузоранд.

Аспиранти Институти роҳсозии МАДИ Абдулло Хайруллоев ба даври ниҳоии барномаи акселератсионии «Бизнеси худро бо Маскав оғоз намо» роҳ ёфта, дар номинатсияи «Беҳтарин лоиҳаи иҷтимоӣ» ғолиб гардид.
Дар ҷараёни ҳимояи лоиҳаҳо дар Палатаи савдо ва саноати Маскав стартапи дастаҷамъонаи «Калиди истеъдодҳо», ки Абдулло Хайруллоев яке аз иштирокчиёни он мебошад, аз ҷониби ҳайати коршиносон баҳои баланд гирифт.
Лоиҳа платформаи рақамиест, ки барои мусоидат ба шуғли қонунии донишҷӯёни хориҷӣ дар Русия пешбинӣ шудааст. Хизматрасонӣ тамоми марҳилаҳои ҷустуҷӯи ҷойи корро фаро мегирад: аз таҳияи дурусти ҳоли шахсӣ ва санҷиши мақоми муҳоҷиратӣ то интихоби ҷойи кор ва оғози фаъолияти расмии меҳнатӣ. Ҳадафи асосии он осон кардани мутобиқшавии донишҷӯёни хориҷӣ ба бозори меҳнат ва коҳиш додани монеаҳои маъмурӣ мебошад.
Имсол дар барномаи акселератсионӣ 137 донишҷӯ аз 29 муассисаи таҳсилоти олӣ ва 37 кишвари ҷаҳон иштирок карданд. Ғолибияти лоиҳа бо иштироки намояндаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҷавонони тоҷик дар самтҳои соҳибкории иҷтимоӣ ва технологияҳои рақамӣ беш аз пеш мавқеи худро дар сатҳи байналмилалӣ мустаҳкам мекунанд.
Муваффақияти Абдулло Хайруллоев инчунин тамоюли муҳимро инъикос мекунад: муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳарчи бештар ба муҳите табдил меёбанд, ки дар он ғояҳои нав ба лоиҳаҳои воқеии дорои аҳамияти иҷтимоӣ мубаддал мешаванд. Барои ҷавонони тоҷике, ки дар хориҷ таҳсил мекунанд, чунин дастовардҳо на танҳо обрӯи касбии онҳоро боло мебардоранд, балки симои мусбати Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои мутахассисони соҳибтахассус ва ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ тақвият мебахшанд.
Акс: МАДИ (Абдулло Хайруллоев — аввалин нафар аз тарафи рост).
