Остона, 30 июни соли 2026-АИ «Караван Инфо». Вазири кишоварзии Қазоқистон Айдарбек Сапаров бо Вазири ҳифзи муҳити зист ва кишоварзии Гурҷистон Давид Сонгулашвили мулоқот намуд. Густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ баррасӣ шуданд.

Дар соли 2025 гардиши молҳои маҳсулоти кишоварзӣ байни кишварҳо 77 фоиз афзуда, аз 116 миллион доллар зиёд шуд.
Айдарбек Сапаров қайд намуд, ки Қазоқистон Гурҷистонро ҳамчун яке аз шарикони калидӣ дар минтақаи Қафқоз меҳисобад. Вай таъкид намуд, ки рушди устувори тиҷорат аз иқтидори назарраси ҳамкорӣ шаҳодат медиҳад.
Вазири Гурҷистон манфиатдории худро ба густариши тиҷорат ва табодули технологияҳои пешрафта тасдиқ намуд.
Қазоқистон ният дорад, ки интиқоли ғалла, орд, равғани растанӣ, макарон, гӯшт, маҳсулоти ширӣ, шоколад ва маҳсулоти қаннодӣ ба бозори гурҷистонро афзоиш диҳад.

Ҳамчунин, ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ, аз ҷумла мувофиқа намудани талабот барои интиқоли хук ва гӯшти хук аз Қазоқистон ба Гурҷистон, инчунин татбиқи сертификатҳои байторӣ барои содироти чорвои наслӣ ва молӣ баррасӣ намуда шуд.
Сапаров изҳори боварӣ намуд, ки фаъолшавии ҳамкорӣ ба рушди маҷмӯи агросаноатии ҳарду кишвар ва таҳкими амнияти озуқаворӣ мусоидат хоҳад намуд.
Сурат: ВК ҶҚ
