Иқтисоди рақамӣ — муҳаррики нави рушд: дар Душанбе самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) то соли 2030 муайян шуданд - ИА Караван Инфо
Иқтисоди рақамӣ — муҳаррики нави рушд: дар Душанбе самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) то соли 2030 муайян шуданд

Душанбе, 04 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон ташаккули заминаҳои рушди дарозмуддати рақамиро идома дода, технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро ҳамчун яке аз омилҳои калидии баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ арзёбӣ мекунад.

Ин масъалаҳо меҳвари асосии Форуми рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ гардиданд, ки 2 июл дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои пешрафтаи технологӣ ва коршиносони соҳа баргузор шуд.

Тавре Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, иштирокчиёни форум масъалаҳои марбут ба ҷараёни табдили рақамии кишварро баррасӣ намуда, самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди рақамиро то соли 2030 муайян карданд.

Яке аз рӯйдодҳои муҳими форум муаррифии таҳқиқоти байналмилалии таҳлилӣ IDC White Paper «Tajikistan National ICT Development» гардид, ки дар ҳамкорӣ бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таҳия шудааст. Дар ин санад вазъи кунунии бахши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Тоҷикистон ҳамаҷониба арзёбӣ гардида, тавсияҳо барои рушди минбаъдаи экосистемаи миллии рақамӣ бо дарназардошти тамоюлҳои ҷаҳонӣ пешниҳод шудаанд.

Дар маркази муҳокимаҳои коршиносон масъалаҳои рушди инфрасохтори рақамӣ, тавсеаи дастрасӣ ба хизматрасониҳои муосири электронӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ, таҳкими низоми амнияти киберӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос барои иқтисоди рақамӣ қарор доштанд.

Иштирокчиён ҳамчунин зарурати ҳамоҳангсозии талошҳои давлат, бахши хусусӣ ва шарикони байналмилалиро барои ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар идоракунии давлатӣ, саноат, маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои калидии иқтисодиёт таъкид карданд.

Дар ҷамъбасти форум ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самти суръат бахшидан ба табдили рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуданд. Ба андешаи коршиносон, рушди пайгиронаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ заминаи таҳкими ҷолибияти сармоягузорӣ, баланд бардоштани самаранокии иқтисоди миллӣ ва ташаккули экосистемаи муосири рақамиро фароҳам оварда, ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар мусоидат хоҳад кард.

Акс: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон