Қазоқистон ният дорад, ки барои занони соҳибкор маркази минтақавӣ таъсис диҳад - ИА Караван Инфо
Қазоқистон ният дорад, ки барои занони соҳибкор маркази минтақавӣ таъсис диҳад

Остона, 7 июли соли 2026-АИ «Караван Инфо». Муовини аввали Вазири савдо ва ҳамгироӣ Айжан Бижанова дар ҷаласаи чоруми умумии “Глобал Бизнесвумен Каунсил” (global Businesswomen Council шӯрои байналмилалии занони тиҷоратӣ) суханронӣ намуд. Тавсеаи имкониятҳои иқтисодии занонро ҳамчун омили рушд ва ҷалби сармоягузорӣ муҳокима намуданд.

Бижанова изҳор дошт, ки занон яке аз фаъолтарин қувваҳои пешбаранда дар тиҷорат ва содирот мебошанд. Дар соҳаи савдо зиёда аз 62 фоизи роҳбарон занон мебошанд. Тибқи натиҷаҳои соли 2025, содироти Қазоқистон ба қариб 80 миллиард доллар расид, маҳсулот ба қариб 130 кишвар интиқол дода шуд.

Беш аз нисфи иштирокчиёни барномаҳои таълимии «Академияи КазТрейд» (QazTrade Academy) занон мебошанд, инчунин зиёда аз нисфи лоиҳаҳое, ки дар тиҷорати дохилӣ дастгирии давлатӣ гирифтаанд.

Қазоқистон ташаббуси «ШиТрейдс» (SheTrades барномаи пайваст намудани занони соҳибкор ба бозорҳои байналмилалӣ) – ро дастгирӣ мекунад ва имконияти таъсиси аввалин маркази минтақавӣ (марказ) дар Осиёи Марказиро баррасӣ мекунад. Он макони омӯзиш, дастрасӣ ба маблағгузорӣ ва ҳамгироии занон ба занҷирҳои ҷаҳонии таъминот хоҳад буд.

Бижанова таъкид кард, ки рушди соҳибкории занона тадбирҳои амалии дастгириро дар ҳамкории давлат, шарикони байналмилалӣ ва тиҷорат талаб мекунад.

Сурат: МТИ ҶҚ