Марҳилаи нави шарикии стратегӣ: Бонки ҷаҳонӣ барои рушди Тоҷикистон қариб ним миллиард доллар грант ҷудо мекунад - ИА Караван Инфо
Марҳилаи нави шарикии стратегӣ: Бонки ҷаҳонӣ барои рушди Тоҷикистон қариб ним миллиард доллар грант ҷудо мекунад

Душанбе, 07 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ бастаи нави маблағгузории грантӣ ба маблағи умумии 495,5 миллион доллари ИМА ҷалб намуд, ки яке аз бузургтарин бастаҳои сармоягузории байналмилалӣ барои кишвар дар солҳои охир ба ҳисоб меравад.

Ин маблағҳо барои татбиқи чор лоиҳаи стратегии нав дар бахшҳои энергетика, ислоҳоти иқтисодӣ, идоракунии захираҳои об ва рушди инфрасохтори обтаъминкунӣ равона гардида, аз ворид шудани ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ ба марҳилаи нави рушди дарозмуддат шаҳодат медиҳанд.

Созишномаҳои маблағгузориро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Наҷӣ Бенҳассин ва Намояндаи доимии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Гаэл Рабалланд ба имзо расониданд.

Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 495,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, пурра дар шакли грант барои татбиқи чор лоиҳаи нав, ки ахиран барои Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, ҷудо мегардад.

Қисми асосии маблағгузорӣ — 300 миллион доллари ИМА — ба марҳилаи дуюми Лоиҳаи маблағгузории устувори Неругоҳи барқи обии «Роғун» равона карда мешавад. Идомаи дастгирии бузургтарин иншооти гидроэнергетикии кишвар аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ аҳамияти стратегии «Роғун»-ро барои таҳкими амнияти энергетикии Тоҷикистон, афзоиши истеҳсоли неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва рушди иқтидори содиротии кишвар боз ҳам тақвият мебахшад.

Ҳамчунин 100 миллион доллари ИМА барои татбиқи марҳилаи дуюми Лоиҳаи дастгирии сиёсати рушд дар доираи барномаи «Тоҷикистони рақобатпазир ва фарогир» ҷудо мегардад. Ҳадафи ин маблағгузорӣ идомаи ислоҳоти сохторӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди бахши хусусӣ мебошад.

Дар баробари ин, 75 миллион доллари ИМА барои марҳилаи дуюми Лоиҳаи такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ пешбинӣ шудааст. Татбиқи ин лоиҳа имкон медиҳад, ки низоми идоракунии захираҳои об такмил ёфта, шабакаҳои обёрӣ навсозӣ гардида, устувории бахши кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим тақвият дода шавад.

Илова бар ин, барои Лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ ва санитария маблағи иловагии 20,5 миллион доллари ИМА ҷудо карда мешавад. Ба таркиби ин маблағ гранти Иттиҳоди Аврупо дар ҳаҷми 14,64 миллион доллари ИМА дохил буда, сатҳи баланди ҳамоҳангии шарикони байналмилалиро дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ нишон медиҳад.

Зимни маросими баимзорасонии созишномаҳо Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Наҷӣ Бенҳассин таъкид намуд, ки бастаи нави маблағгузорӣ идомаи шарикии боэътимод ва дарозмуддати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳониро инъикос менамояд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи лоиҳаҳои нав ба Стратегияи ҳамкории Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2032, ки чанде пеш тасдиқ гардид, пурра мутобиқат доранд. Ин стратегия рушди энергетикаи тоза ва дастрас, ташаккули сармояи инсонии солим ва соҳибихтисос, инчунин густариши нақши бахши хусусиро дар рушди иқтисоди миллӣ ҳамчун самтҳои афзалиятнок муайян кардааст.

Ба андешаи коршиносон, хусусияти муҳими ин бастаи маблағгузорӣ дар он аст, ки он танҳо ба дастгирии соҳаҳои алоҳида равона нашуда, балки маҷмӯи ислоҳоти бо ҳам алоқамандро фаро мегирад. Сармоягузории ҳамзамон ба энергетика, идоракунии давлатӣ, рақамикунонӣ, захираҳои об ва инфрасохтори коммуналӣ метавонад барои баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва таъмини рушди устувори кишвар заминаи мусоид фароҳам оварад.

Интизор меравад, ки татбиқи лоиҳаҳои нав ба таҳкими амнияти энергетикии Тоҷикистон, беҳтар гардидани сифати хизматрасониҳои давлатӣ, васеъ шудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои боэътимоди обтаъминкунӣ, санитария ва обёрӣ, рушди соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби сармоягузориҳои нави бахши хусусӣ мусоидат намояд.

Дар маҷмӯъ, бастаи нави грантӣ на танҳо аз густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад, балки сатҳи баланди эътимоди институтҳои байналмилалии молиявиро нисбат ба сиёсати ислоҳот, рушди иқтисодӣ ва афзалиятҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ инъикос мекунад. Ин маблағгузорӣ метавонад барои татбиқи лоиҳаҳои калидии миллӣ, таҳкими устувории иқтисодӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.

Акс: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон / Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ