Душанбе, 08 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Минтақаҳои кӯҳии ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд соҳиби такони нави рушд мегарданд — дар ин ҷо бунёди маҷмааи муосири сайёҳии «Шаҳристон — эко резорт» ба нақша гирифта шудааст, ки метавонад ба яке аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии дохилӣ ва байналмилалии Тоҷикистон табдил ёбад.

7 июл дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сармоягузории сохтмони иншооти нави сайёҳӣ шинос шуданд, ки азхудкунии маҷмӯии имкониятҳои табиии минтақаро пешбинӣ менамояд.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, лоиҳа дар чор марҳила амалӣ гардида, то таҷлили 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида мешавад. Маҷмааи сайёҳӣ дар мавзеи зебоманзари Хуррамдара ҷойгир хоҳад шуд, ки барои рушди сайёҳии кӯҳӣ ва экологӣ имкониятҳои васеъ дорад.
Масоҳати умумии иншооти ояндаи сайёҳӣ 15 гектарро ташкил медиҳад. Яке аз бахшҳои асосии он сохтмони роҳи ҳавоии мусофиркаш бо дарозии беш аз 5 километр мебошад. Ин инфрасохтор на танҳо имконияти дастрасии сайёҳонро ба мавзеъҳои табиии кӯҳӣ беҳтар месозад, балки барои рушди минбаъдаи хизматрасониҳои сайёҳӣ низ замина фароҳам меорад.
Дар доираи лоиҳа ҳамчунин сохтмони меҳмонхонаи замонавӣ пешбинӣ шудааст, ки метавонад ҳамзамон то 1000 сайёҳи дохиливу хориҷиро қабул намояд. Илова бар ин, татбиқи лоиҳа барои таъсиси тақрибан 100 ҷойи кории доимӣ мусоидат хоҳад кард.
Бунёди чунин иншоот дар минтақаҳои кӯҳӣ ҳамчун омили муҳими рушди иқтисодии деҳот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани имкониятҳои иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо арзёбӣ мегардад.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти сохтмони иншооти гуногунсамтро дар деҳаҳои ноҳияи Шаҳристон таъкид намуда, онро яке аз тадбирҳои муҳим барои рушди ҳамаҷонибаи маҳалҳои деҳот номиданд.
Сарвари давлат роҳбарият ва сокинони ноҳияро даъват намуданд, ки дар ободонӣ ва пешрафти Ватан саҳми боз ҳам бештар гузоранд.
Ба шахсони масъул ҷиҳати таъмини рушди устувори сайёҳӣ дар шароити кӯҳистон, бунёди маҷмааҳои нави сайёҳии ҷавобгӯ ба талаботи муосир ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба Тоҷикистон дастуру тавсияҳо дода шуданд.
Лоиҳаи «Шаҳристон — эко резорт» бахше аз сиёсати васеи давлатӣ дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳадафи он истифодаи самараноки мероси табиии кишвар, ташкили инфрасохтори муосир ва табдил додани минтақаҳои Тоҷикистон ба марказҳои нави сайёҳии экологӣ, кӯҳӣ ва фарҳангӣ мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
