Душанбе, 10 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». 9 июл дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд, инчунин намояндагони соҳаи саноати кишвар мулоқот баргузор намуданд. Мавзӯи меҳварии вохӯрӣ дурнамои рушди металлургияи ватанӣ, татбиқи сиёсати саноатикунонии босуръат ва ташаккули иқтисодиёти муосири саноатӣ буд.

Дар оғози мулоқот ба Сарвари давлат оид ба вазъи металлургияи сиёҳ дар минтақа ва ҷаҳон, дурнамои рушди соҳа дар Тоҷикистон, ҷараёни сохтмони иншооти Комбинати металлургии Тоҷикистон ва нақши он дар рушди иқтисоди миллӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Таъкид шуд, ки ҳамзамон бо амалисозии лоиҳаи металлургӣ гурӯҳи соҳибкорони ватанӣ ният доранд корхонаҳои истеҳсоли семент, оҳак, шиша, сафолҳои рӯйпӯш, серанит ва дигар масолеҳу маҳсулоти сохтмониро бунёд намоянд. Ба арзёбии мутахассисон, ташкили чунин маҷмааи бузурги саноатӣ имкон медиҳад низоми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот таҳким ёфта, ҳаҷми истеҳсоли дохилӣ ва иқтидори содиротии мамлакат ба таври назаррас афзоиш ёбад.
Зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки сохтмони фабрикаи ғанигардонии маъдани оҳани Ҷамъияти саҳомии «Комбинати металлургии Тоҷикистон» на танҳо бунёди як корхонаи нави истеҳсолӣ, балки оғози марҳилаи нави рушди саноати кӯҳӣ ва ташаккули металлургияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Президенти кишвар ба кормандони корхона, соҳибкорони ватанӣ ва ҳамаи шарикони хориҷие, ки дар татбиқи ин лоиҳаи муҳим саҳм мегузоранд, барои меҳнати софдилона ва саҳмашон дар рушди саноати мамлакат изҳори сипос намуданд.
Ба гуфтаи Сарвари давлат, металлургияи сиёҳ барои рушди сохтмон, нақлиёт, энергетика, логистика ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ аҳамияти калидӣ дорад. Рушди истеҳсоли металлургии дохилӣ вобастагии Тоҷикистонро аз воридоти арматура, маҳсулоти филизӣ ва дигар масолеҳи сохтмонӣ коҳиш дода, ҳамзамон барои тавсеаи содирот имкониятҳои нав фароҳам меорад.
Президенти мамлакат ёдовар шуданд, ки аз рӯзҳои аввали Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди саноатро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ муайян кардааст. Имрӯз, ба таъкиди Пешвои миллат, Тоҷикистон тадриҷан аз иқтисодиёти ба содироти ашёи хом асосёфта ба иқтисодиёти истеҳсолии саноатӣ бо арзиши баланди иловашуда мегузарад.
«Ҳадаф аз таъсиси чунин корхонаҳои бузурги металлургӣ ташаккули яке аз сутунҳои асосии иқтисодиёти саноатии Тоҷикистон мебошад», — таъкид намуданд Эмомалӣ Раҳмон ва афзуданд, ки ҳар як тонна маъдани истихроҷшаванда бояд пеш аз ҳама дар дохили кишвар коркард гардида, ба маҳсулоти тайёри рақобатпазир табдил дода шавад.
Ба андешаи Пешвои миллат, маҳз коркарди амиқи ашёи хоми ватанӣ бояд ба яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатии саноатӣ мубаддал гардида, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва устувории иқтисодиёти кишварро таъмин намояд.

Дар ҷараёни суханронӣ инчунин таъкид гардид, ки рушди маҷмааи металлургӣ барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ на танҳо дар худи корхонаҳо, балки дар бахшҳои сохтмон, нақлиёт, хизматрасонӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ замина фароҳам меорад. Ҳамзамон татбиқи чунин лоиҳаҳои бузурги саноатӣ ба рушди роҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва дигар инфрасохтори иҷтимоӣ мусоидат хоҳад кард.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди саноатӣ ворид гардидааст ва ҳадафи асосӣ табдил додани кишвар аз содиркунандаи ашёи минералӣ ба давлати истеҳсолкунандаи маҳсулоти рақобатпазири металлургӣ мебошад.
Президенти мамлакат ба вазорату идораҳои соҳавӣ супориш доданд, ки талаботи рӯзафзуни бозори дохилиро ҳарчи бештар аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ таъмин намуда, истифодаи самараноки сарватҳои зеризаминӣ ва ташкили истеҳсолоти ба содирот нигаронидашударо таъмин намоянд.
Ба таъкиди Сарвари давлат, ҳар як лоиҳаи нави саноатӣ бояд коркарди пурраи ашёи хоми миллӣ, истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда ва пешбурди онро ба бозорҳои хориҷиро дар назар дошта бошад. Танҳо чунин муносибат имкон медиҳад Тоҷикистон ба давлати муосири саноатӣ табдил ёбад.
Самти муҳими дигари сиёсати давлатӣ омодасозии кадрҳои муҳандисию техникӣ номида шуд. Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки рушди босуръати металлургия, мошинсозӣ, саноати кимиё, энергетика, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва дигар бахшҳои истеҳсолӣ талаботро ба муҳандисон, технологҳо, лоиҳакашон, мутахассисони автоматизатсия ва дигар кадрҳои баландихтисос афзоиш медиҳад.
Дар ин замина Президенти мамлакат супориш доданд, ки рушди низоми омодасозии кадрҳои муҳандисию техникӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои маориф ва саноат табдил дода шавад. Таъкид гардид, ки имрӯз вазифаи асосӣ на танҳо сохтмони корхонаҳои нав, балки ташаккули мактаби миллии муҳандисию технологӣ мебошад, ки ба талаботи саноати ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад.
Яке аз қарорҳои муҳими мулоқот дастури Президенти мамлакат оид ба таҳияи Барномаи рушди металлургияи сиёҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027–2035 гардид. Ин ҳуҷҷат бояд механизмҳои дарозмуддати ташаккули занҷираи пурраи истеҳсолӣ, истифодаи самараноки сарватҳои зеризаминӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашударо муайян намояд.
Ҳамзамон Президенти мамлакат дастур доданд, ки механизмҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ боз ҳам густариш ёфта, низоми омодасозии кадрҳо барои ҳамаи соҳаҳои афзалиятноки саноат мутобиқ ба талаботи истеҳсолоти муосир такмил дода шавад.

Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои кишвар супориш дода шуд, ки барои рушди инфрасохтори саноатӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҷудо намудани қитъаҳои замин барои лоиҳаҳои нави истеҳсолӣ, дастгирии ташаббусҳои бахши хусусӣ ва ташкили истеҳсолоти содиротӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Дар анҷоми мулоқот Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки рушди металлургия вазифаи танҳо як соҳа набуда, яке аз омилҳои муҳими таҳкими иқтидори иқтисодии давлат, истифодаи самараноки захираҳои миллӣ ва таъмини рушди устувори Тоҷикистон мебошад. Пешвои миллат соҳибкорон ва сармоягузоронро даъват карданд, ки аз имкониятҳои фароҳамгардида самаранок истифода бурда, дар таъсиси иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва густариши содироти он саҳми фаъол гузоранд.
Дар поёни чорабинӣ раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода оид ба дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят маълумот дода, зикр намуд, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи иншооте, ки дар доираи омодагӣ ба ин ҷашни муқаддас бунёд мешаванд, ба зиёда аз 15 ҳазор корхона ва муассиса хоҳад расид, ки яке аз бузургтарин барномаҳои рушди инфрасохтории солҳои охир ба шумор меравад.
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
