Душанбе, 15 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон барои ворид шудан ба занҷираи ҷаҳонии таъминоти ашёи хоми зарурӣ барои энергетикаи сабз ва истеҳсоли нақлиёти барқӣ омодагӣ мебинад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир хабар дод.

Ба гуфтаи вазир, лоиҳаи истихроҷи литий дар кони «Намадгут»-и ноҳияи Ишкошими ВМКБ дар давоми як соли наздик ба истифода дода мешавад. Супориши қатъӣ оид ба суръат бахшидани татбиқи ин лоиҳа аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни машварати кории ахир дар вилояти Суғд дода шудааст.
Ба таъкиди роҳбари Вазорати саноат, марҳилаи омодагӣ қариб пурра анҷом ёфтааст. Дар кони мазкур корҳои васеи геологию иктишофӣ анҷом дода шуда, тақрибан 80 фоизи тамоми таҷҳизоти технологӣ аллакай ба Тоҷикистон ворид гардидааст.
Кони «Намадгут» ба гурӯҳи нодири конҳои пегматитӣ дохил мешавад, ки дар онҳо на танҳо литий, балки захираҳои арзишманди ниобий, тантал ва бериллий низ мавҷуданд.
Шералӣ Кабир қайд намуд, ки гарчанде тайи давраи охир нархи ҷаҳонии литий коҳиш ёфтааст, талаботи устувор ва нархи баланди металлҳои ҳамроҳ иқтисоднокии баланди лоиҳаро пурра таъмин менамояд.
Дар оянда дар заминаи ин кон таъсиси комбинати кӯҳӣ ва ғанигардонӣ барои коркарди амиқи ашёи хом дар дохили кишвар ба нақша гирифта шудааст, ки имкони ҷалби ширкатҳои бузурги ҷаҳонии истеҳсолкунандаи автомобил ва батареяҳои аккумуляториро фароҳам месозад.
Ба андешаи гурӯҳи таҳлилии АИ «Корвон Иттилоот», оғози босуръати азхудкунии кони «Намадгут» танҳо оғози як лоиҳаи саноатӣ нест, балки кӯшиши Тоҷикистон барои ворид шудан ба сафи кишварҳои пешсафи таъминкунандаи металлҳои нодир ва стратегӣ мебошад.
Гарчанде маъданҳои пегматитӣ аз ҷиҳати технологӣ барои ғанигардонӣ мураккаб бошанд ҳам, мавҷудияти тантал ва ниобий, ки дар соҳаҳои кайҳоннавардӣ, электроника ва технологияҳои суперноқил васеъ истифода мешаванд, ҳатто дар шароити коҳиши нархи литий низ сатҳи баланди даромаднокии лоиҳаро таъмин мекунад.
Коршиносони АИ «Корвон Иттилоот» инчунин ба пайванди стратегии «алюминий — мис — литий», ки вазир зикр намуд, таваҷҷуҳи махсус медиҳанд. Тоҷикистон имрӯз дорои иқтидори бузурги истеҳсоли алюминий («ТАЛКО») буда, ҳамзамон рушди лоиҳаҳои мисро низ босуръат идома медиҳад. Аз ҷумла, моҳи сентябри соли 2026 ба истифода додани истеҳсоли мис дар Зарнисор пешбинӣ шудааст.
Бо илова гардидани истеҳсоли литий, кишвар имконияти ташаккули занҷираи пурраи истеҳсоли ҷузъҳои асосии автомобилҳои барқӣ, аз ҷумла кабелҳо, корпусҳо ва элементҳои ғизодиҳандаро ба даст меорад.
Ворид гардидани 80 фоизи таҷҳизоти зарурӣ дар шароити мураккаби логистикии шоҳроҳи Помир аз ҳаҷми бузурги корҳои анҷомдодаи Вазорати саноат ва сармоягузорон шаҳодат медиҳад. Ба истифода додани муваффақонаи комбинати кӯҳӣ ва ғанигардонӣ дар Ишкошим метавонад ба яке аз нуқтаҳои муҳими рушди иқтисодии ВМКБ табдил ёфта, ҷалби асъори хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун яке аз иштирокчиёни калидии раванди технологӣ дар Осиёи Марказӣ таъмин намояд.
АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
