Омодагӣ ба Форуми байналмилалии «Помир – Инвест 2026» ба марҳилаи ниҳоӣ расид - ИА Караван Инфо
Омодагӣ ба Форуми байналмилалии «Помир – Инвест 2026» ба марҳилаи ниҳоӣ расид

Душанбе, 15 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». 14 июл иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сафарзода Шарифхон Нураҳмад бо ҷараёни корҳои омодагӣ ба ин ҳамоиши байналмилалӣ шинос шуд.

Муовини раиси вилоят Мирзозода Мусо ба роҳбарияти вилоят оид ба тадбирҳои ташкилии анҷомдодашуда маълумот дода, зикр намуд, ки аз рӯи самтҳои асосии омодагӣ ҳаҷми зиёди корҳо аллакай ба анҷом расонида шудааст.

Зимни боздид ба масъалаҳои ташкили босифати форум, ки ҳадафи он муаррифии иқтидори сармоягузории минтақа, тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ ва ҷалби шарикони нави рушд мебошад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Сафарзода Шарифхон Нураҳмад таъкид намуд, ки форум бояд дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, тамоми ҳадафҳои пешбинишуда амалӣ карда шаванд. Ӯ ба сохторҳои масъул дастур дод, ки хизматрасонии шоиста ба иштирокчиён ва меҳмонон таъмин гардида, барои будубоши бароҳати онҳо тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шавад. Ҳамчунин масъалаҳои таъмини нақлиёт ва ҳамоҳангсозии корҳои логистикӣ дар тамоми марҳилаҳои баргузории форум мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Мақомоти вилоят иттилоъ медиҳанд, ки корҳои омодагӣ тибқи нақшаи тасдиқшуда идома дошта, ҳамаи сохторҳои ҷалбшуда фаъолияти худро дар ҳамоҳангии зич ба роҳ мондаанд, то Форуми байналмилалии «Помир – Инвест 2026» дар сатҳи баланд баргузор гардад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон