Душанбе, 15 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Муомилоти савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ тамоюли устувори афзоишро нишон медиҳад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми содироти мол аз Тоҷикистон дар моҳҳои январ–июни соли 2026 ба 1,6 миллиард доллари ИМА расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 623 миллион доллар ё 65,3 фоиз зиёд мебошад.
Ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии кишвар дар ин давра 4,38 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба шашмоҳаи аввали соли гузашта 38,3 фоиз афзоиш ёфтааст. Тоҷикистон маҳсулоти худро ба 44 давлати ҷаҳон содир намудааст. Самтҳои асосии содирот Чин, Туркия, Ӯзбекистон, Белгия ва Швейтсария мебошанд.
Омили асосии рушди содирот бахши саноат арзёбӣ мегардад. Ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ ба 1,5 миллиард доллар расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 67 фоиз зиёд шудааст.
Даромади бештар аз ҳисоби содироти металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо (513,8 миллион доллар), маъданҳо ва консентратҳои металлҳои ранга (385,8 миллион доллар) ва нахи пахта (73,5 миллион доллар) ба даст омадааст.
Ба даҳгонаи маҳсулоти асосии содиротии саноатӣ инчунин орд ва маҳсулоти ордӣ, қолин, мошину таҷҳизот, маҳсулоти нафтӣ, маводи кимиёвӣ, доруворӣ, сурма ва қисмҳои эҳтиётии автомобил дохил мешаванд.
Дар бахши кишоварзӣ низ нишондиҳандаҳои мусбат ба қайд гирифта шуданд. Ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба 40,5 миллион доллар расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,7 фоиз афзоиш ёфт.
Дар байни маҳсулоти кишоварзии содиротӣ ҷойҳои аввалро зардолуи хушк (17,6 миллион доллар), пиёз (5,2 миллион доллар) ва омехтаи меваҳои хушк (4,4 миллион доллар) ишғол намуданд.
Ба арзёбии гурӯҳи таҳлилгарони АИ «Корвон Иттилоот», сохтори содироти Тоҷикистон ҳанӯз ҳам бештар хусусияти саноативу ашёи хом дорад, вале ҳамзамон тағйироти мусбати сифатиро низ нишон медиҳад. Металлҳои қиматбаҳо ва консентратҳои маъданӣ, ки ҳаҷми умумии онҳо қариб ба 900 миллион доллар мерасад, ҳамчун манбаи асосии устувории даромадҳои содиротӣ хизмат мекунанд.

Дар баробари ин, афзоиши содироти маҳсулоти коркардшуда, аз ҷумла қолин, доруворӣ ва сурма, аз тадриҷан зиёд шудани саҳми маҳсулоти дорои арзиши иловашуда дар сохтори содирот шаҳодат медиҳад.
Коршиносони АИ «Корвон Иттилоот» инчунин рушди бахши кишоварзиро муҳим арзёбӣ мекунанд. Афзоиши содироти зардолуи хушк ва дигар меваҳои хушк рақобатпазирии маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистонро дар бозорҳои хориҷӣ тасдиқ менамояд.
Тақвияти мавқеи кишвар дар ин самт аҳамияти муҳими иҷтимоӣ низ дорад, зеро даромад аз содироти маҳсулоти кишоварзӣ бевосита ба хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳои Суғду Хатлон ворид гардида, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад.
Дар шароити тағйирёбии бозори муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди бахшҳои содиротии кишоварзӣ ва саноати сабук метавонад яке аз омилҳои муҳими таҳкими иқтисоди миллӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави шуғл дар дохили кишвар гардад.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
