Қазоқистон дар соли 2026 12 ҳазор километр шабакаҳои муҳандисиро таъмир мекунад - ИА Караван Инфо
Қазоқистон дар соли 2026 12 ҳазор километр шабакаҳои муҳандисиро таъмир мекунад

Остона, 28 июли соли 2026-АИ «Караван Инфо». Дар доираи лоиҳаи миллии навсозии шабакаҳои коммуналии муҳандисӣ (НШКМ) дар Қазоқистон дар соли 2026 12 ҳазор км шабакаҳо таъмир намуда мешаванд. Ба ин мақсадҳо беш аз 1,1 триллион тенге равона намуда мешавад, хабар медиҳад ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон.

Аз маблағҳои ҷудошуда 759 миллиард тенге барои корҳои сохтмонӣ-монтажӣ, 379 миллиард барои лоиҳаҳо бо пудратчиён аз рӯи модели EPC (ИПС – инжиниринг, таҳвил, сохтмон), таҳияи ҳуҷҷатҳо ва хариди мавод аз истеҳсолкунандагони ватанӣ сарф намуда мешавад.

“Соли 2025 дар доираи лоиҳаи миллии НШКМ 6,6 ҳазор км шабакаҳо бо ҳаҷми маблағгузории 547 миллиард тенге таъмир намуда шуданд. Илова бар ин, 8 корхона аз минтақаи сурхи хатар хориҷ намуда шуданд”, – гуфт муовини вазири иқтисоди миллӣ Асан Дарбаев дар ҷаласаи Ҳукумат.

Аксҳо: Ҳукумати ҶҚ