Душанбе, 15 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Аз 7 то 11 сентябри соли 2026 дар шаҳри Москва «Мактаби байналмилалии роҳбарон-танзимгарони масъули соҳаи тандурустӣ» баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд. Барномаи панҷрӯза ба табодули таҷриба дар самтҳои идоракунии соҳаи тандурустӣ, сиёсати кадрӣ, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, геронтология ва тандурустии рақамӣ бахшида шуд.

Ба ҳайати Тоҷикистон панҷ нафар намояндаи воҳидҳои сохтории Вазорат шомил буданд, ки самтҳои сиёсати кадрӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ислоҳоти низоми тандурустӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳлили соҳаро намояндагӣ мекарданд.
Дар рӯзи аввали Мактаби байналмилалӣ иштирокчиёнро муовини вазири тандурустии Федератсияи Россия Олег Салагай қабул намуд. Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами рушди низомҳои миллии тандурустӣ, густариши ҳамкориҳои касбӣ ва табодули таҷрибаи амалӣ миёни кишварҳо баррасӣ шуданд.
Барномаи Мактаб самтҳои асосии идоракунии муосири тандурустӣ — рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, ташаккули сиёсати самараноки кадрӣ, таҳкими иқтидори захираҳои инсонӣ, ҳифзи саломатии шахсони калонсол, геронтология ва гериатрия, рақамикунонии тандурустӣ ва телетибро фаро гирифт.
Таваҷҷуҳи махсус ба мутобиқсозии низомҳои тандурустӣ ба тағйироти ҷаҳонӣ ва дигаргунсозии технологӣ равона шуд. Дар доираи Мактаб лексияҳои коршиносӣ, машғулиятҳои амалӣ, муҳокимаҳои гурӯҳӣ ва муаррифии таҷрибаи кишварҳои иштирокчӣ баргузор гардиданд.

Дар назди иштирокчиён роҳбарон ва мутахассисони муассисаҳои пешрафтаи тиббӣ ва илмии Русия баромад намуда, таҷрибаи муосирро дар самти таъмини кадрии соҳа, ташкили хизматрасонии тиббӣ, рушди гериатрия ва истифодаи технологияҳои рақамӣ муаррифӣ карданд.
Қисмати муҳими барнома боздидҳои омӯзишӣ аз муассисаҳои тиббӣ, илмӣ ва таълимии Москва буд. Ҳайати Тоҷикистон бо ташкили фаъолияти муассисаҳои тиббии пойтахт, равишҳои муосир дар омодасозии кадрҳои тиббӣ ва истифодаи амалии технологияҳои рақамӣ дар соҳаи тандурустӣ шинос гардид.
Бахши алоҳида ба хизматрасонии тиббӣ ба шахсони калонсол бахшида шуд. Дар Маркази илмию клиникии геронтологии Россия мутахассисони тоҷик бо равишҳои муосири ташкили кумаки тиббӣ ба шахсони калонсол ва рушди хизмати гериатрӣ шинос шуданд.
Дар ҷараёни барнома ҳамчунин масъалаҳои табдили рақамии соҳаи тандурустӣ бо иштироки намояндагони сохторҳои соҳавӣ ва ширкатҳо баррасӣ гардиданд. Дар рӯзи ҷамъбастӣ ҳайатҳо аз Маркази ташхис ва телетибии Раёсати тандурустии шаҳри Москва боздид карда, бо имкониятҳои технологияҳои рақамӣ, ташхиси фосилавӣ ва истифодаи онҳо дар идоракунии хизматрасониҳои тиббӣ шинос шуданд.

Дар натиҷаи кори панҷрӯза иштирокчиён натиҷаҳоро ҷамъбаст намуда, дониш ва таҷрибаи андӯхтаи худро мавриди муҳокима қарор доданд.
Барои ҷониби Тоҷикистон иштирок дар Мактаби байналмилалӣ имкони омӯзиши таҷрибаи Русия дар самтҳои калидии рушди тандурустӣ ва густариши робитаҳои касбӣ барои табодули минбаъдаи таҷриба фароҳам овард.
Манбаи акс: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
