Душанбе, 31 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар Форуми байналмилалии сармоягузории Pamir Invest 2026, ки дар шаҳри Хоруғ баргузор гардид, иштирок намуда, имкониятҳои рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро муаррифӣ кард.

Дар доираи барномаи форум намояндагони Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи соҳибкорони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нишасти махсуси иттилоотиро баргузор намуда, механизмҳои муосири маблағгузорӣ ва машваратиро барои соҳибкорон муаррифӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди соҳибкории хурду миёна равона гардид, зеро ин бахш яке аз неруҳои асосии рушди иқтисоди минтақа ба ҳисоб меравад.
Мутахассисони БАТР барномаҳои амалкунандаи қарздиҳӣ ва хизматрасониҳои машваратиро барои соҳибкорон муаррифӣ намуда, имкониятҳои дастрасӣ ба маблағгузорӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва татбиқи таҷрибаҳои муосири соҳибкориро шарҳ доданд.
Ҳамзамон барномаҳои фарогир оид ба дастгирии соҳибкории занон ва рушди ташаббусҳои соҳибкории ҷавонон низ пешниҳод гардиданд. Ба таъкиди намояндагони БАТР, тавсеаи имкониятҳои иқтисодии занону ҷавонон барои ташаккули иқтисоди рақобатпазир ва устувори минтақа аҳамияти муҳим дорад.
Илова бар ин, воситаҳои махсус барои дастгирии ширкатҳои босуръат рушдкунанда, ки мехоҳанд истеҳсолотро васеъ намуда, ба бозорҳои нав ворид шаванд ва рақобатпазирии худро баланд бардоранд, муаррифӣ шуданд.
Дар доираи сафари корӣ коршиносони БАТР инчунин аз як қатор корхонаҳои истеҳсолии маҳаллӣ боздид намуда, бо соҳибкорони вилоят масъалаҳои рушди истеҳсолот, маҳдудиятҳои инфрасохторӣ ва молиявӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва ҷалби сармоягузориҳои иловагиро муҳокима карданд.

Тақвияти фаъолияти БАТР дар ВМКБ аз афзоиши таваҷҷуҳи институтҳои байналмилалии молиявӣ ба рушди иқтисоди минтақаҳои баландкӯҳи Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Барои минтақае, ки дорои имкониятҳои васеъ дар бахшҳои сайёҳӣ, кишоварзӣ, коркарди ашёи хом ва иқтисоди «сабз» мебошад, дастрасӣ ба сармоя ва таҷрибаи байналмилалӣ аҳамияти стратегӣ дорад.
Дастгирии соҳибкории хурду миёна, рушди малакаҳои соҳибкорӣ ва густариши маблағгузории фарогир ба коҳиши нобаробарии минтақавӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани устувории иқтисодии ҷомеаҳои маҳаллӣ мусоидат мекунад.
Дар ҳамбастагӣ бо ташаббусҳои Форуми Pamir Invest 2026, чунин иқдомҳо барои ҳамгироии иқтисоди Помир ба занҷираҳои миллӣ ва байналмилалии истеҳсолӣ ва логистикӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ҷолибияти сармоягузории тамоми минтақаи баландкӯҳро тақвият мебахшанд.
АКС: Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР)
