Душанбе, 01 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Аморати Исломии Афғонистон оид ба таъсиси долони нави байналмилалии нақлиёти автомобилӣ ба мувофиқа расиданд, ки ҳадафи он густариши ҳамлу нақли фаромарзӣ, соддагардонии амалиёти логистикӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни се кишвар мебошад.

Тавре Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, созишномаҳо дар натиҷаи музокироти сеҷониба, ки дар шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардиданд, ба даст омаданд.
Дар гуфтушунид ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири нақлиёт Шоиста Саидмуродзода, роҳбари Созмони роҳҳои автомобилии Эрон Ризо Акбарӣ ва намояндаи Вазорати нақлиёт ва авиатсияи граждании Афғонистон Ёрмуҳаммад Рамазон иштирок намуданд.
Тарафҳо механизми марҳилавии татбиқи долони навро мувофиқа намуда, як қатор тадбирҳои амалӣ ва инфрасохториро пешбинӣ карданд.
Дар давоми як моҳи наздик аввалин парвози озмоишии нақлиёти боркаш баргузор мешавад, ки зимни он омодагии гузаргоҳҳои сарҳадӣ, фаъолияти мақомоти гумрукӣ ва ҳамоҳангии сохторҳои нақлиётӣ санҷида хоҳад шуд.
Бо мақсади назорати доимии татбиқи лоиҳа гурӯҳи кории доимии сеҷониба таъсис дода шуд, ки вазифаи он бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ ва техникӣ, назорати иҷрои созишномаҳо ва ҳамоҳангсозии рушди минбаъдаи долони нақлиётӣ мебошад.
Ҳамчунин, созишнома навсозии инфрасохтори гузаргоҳҳои сарҳадӣ, коҳиш додани вақти интизории воситаҳои нақлиёт, такмили низоми барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ва рушди хизматрасониҳои суғуртавии ҳамлу нақли байналмилалиро пешбинӣ мекунад.
Дар оянда ин масир ба шабакаҳои нақлиётии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва долонҳои байналмилалии марбут ба Ҷумҳурии Мардумии Чин пайваст карда мешавад.
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории сеҷониба дар охири моҳи октябр — аввали моҳи ноябри соли 2026 дар шаҳри Кобул баргузор гардида, натиҷаҳои марҳилаи аввали татбиқи лоиҳа мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Ба истифода додани долони нави нақлиётӣ тавассути қаламрави Афғонистон барои Тоҷикистон, ки кишвари бе баромад ба баҳр мебошад, аҳамияти стратегии калон дорад.
Ин масир масофаи интиқоли молҳоро то бандарҳои Чобаҳор ва Бандар-Аббос ба таври назаррас кӯтоҳ намуда, хароҷоти логистикии содиркунандагон ва воридкунандагони тоҷикро коҳиш медиҳад ва рақобатпазирии маҳсулоти ватаниро дар бозорҳои хориҷӣ баланд мебардорад.
Ҳамзамон, татбиқи ин ташаббус нақши Тоҷикистонро ҳамчун ҳалқаи муҳими долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, ки Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубӣ, Ховари Миёна ва Чинро ба ҳам мепайванданд, боз ҳам тақвият медиҳад.
Дар сурати татбиқи муваффақонаи лоиҳа, долони мазкур метавонад ба яке аз унсурҳои муҳими логистикаи муосири АвруОсиё табдил ёфта, барои рушди тиҷорати мутақобила, истифодаи пурраи иқтидори транзитӣ ва таҳкими ҳамгироии иқтисодии кишварҳои минтақа заминаи мусоид фароҳам оварад.
АКС: Вазорати нақлиети Ҷумҳурии Тоҷикистон /аз сомонаи pamirinside.org
