Остона, 03 августи соли 2026-АИ «Караван Инфо». Президенти Қазоқистон Қасим-Жомарт Токаев дар якҷоягӣ бо роҳбарони Кишварҳои Осиеи Марказӣ дар маросими ифтитоҳи марҳилаи чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши обӣ-моторӣ UIM F1H2O (Ю-Ай-Эм Эф-1 Эйч-2-О), ки бори аввал дар Қирғизистон баргузор шуд, иштирок намуд.

Сарони давлатҳо бо иштирокчиени мусобиқа сӯҳбат намуданд, болиди мусобиқаро тамошо намуданд ва ба варзишгарон оғози муваффақро орзу намуданд. Сипас роҳбарони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон рамзӣ гран-прии “Ҷумҳурии Қирғизистон – Иссиқкӯл 2026” – ро расман оғоз намуданд.

“Гран-при яке аз бузургтарин чорабиниҳои байналмилалии варзишӣ ва фарҳангӣ дар таърихи Қирғизистон хоҳад буд”, – қайд намуданд ташкилкунандагон.

Дар мусобиқа ҳашт даста ва 18 халабон аз АМА, Австралия, Канада ва дигар кишварҳои ҷаҳон ширкат мекунанд. Мусобиқа дар кӯли Иссиқкӯл баргузор мешавад ва намояндагони қавитарини варзиши ҷаҳонии обӣ – моториро ҷамъ овард.


Аксҳо: Акорда
