Остона, 5 августи соли 2026-АИ «Караван Инфо». Вазорати захираҳои об ва обёрӣ (ирригатсия – обрасонӣ) бо шарикони байналмилалӣ якчанд созишномаҳо ба имзо расонидааст, аз ҷумла таҳияи системаи огоҳии барвақти умумимиллӣ дар бораи обхезӣ ва хушксолӣ, инчунин таъсиси Маркази инноватсионии об ва маърифати экологии AquaLab (АкваЛаб). Ҳуҷҷатҳо дар ҷаласаи III шӯрои Ҳамоҳангсозии шарикон оид ба рушди бахши об, ки дар Остона баргузор гардид, имзо намуда шуданд. Дар он вазири захираҳои об ва обёрӣ Нурҷон Нурҷигитов, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Қазоқистон Катаржина Ваверниа, инчунин коршиносон, намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва тиҷорат иштирок намуданд.

Се созишномаи асосӣ ба имзо расид:
1. Дар бораи таҳияи системаи умумимиллии огоҳии барвақтӣ дар бораи обхезӣ ва хушксолӣ, инчунин ҳамгироии маълумот дар бораи инфрасохтори хоҷагии об.
2. Дар бораи таъсиси Маркази инноватсияҳои обӣ, STEM-таълим (STEM – Science, Technology ,ggineering, Mathematics-«СТЭМ») ва маърифати экологии AquaLab.
3. Дар бораи маблағгузорӣ ва татбиқи лоиҳаи AquaLab (АкваЛаб).
Дар ҷаласа татбиқи ташаббуси Шарикии обии 2024-2030, рақамикунонии хоҷагии об ва рушди инфрасохтори сарфакунандаи об муҳокима намуда шуд. Вазир Нурҷигитов қайд намуд: “Сарфаи об дигар самти алоҳида нест, балки модели нави идоракунӣ аст. Ҳар як лоиҳа бояд ба сиёсати давлатӣ дохил намуда шавад, натиҷаи ченшаванда диҳад ва қарорҳои инфрасохторӣ бо технологияҳои муосир ва омодасозии кадрҳо ҳамроҳ карда шаванд. Катаржина Ваверниа таъкид намуд: “Дар давоми ду сол Шӯро механизми муассире гардид, ки ба муттаҳид намудани қувваҳо кӯмак мекунад. БРСММ дастгирии Қазоқистонро дар таъмини амнияти об идома медиҳад”.
Аксҳо: Вазорати об ва обёрии ҶҚ
