Остона, 06 августи соли 2026-АИ «Караван Инфо». ҶС “НК Қазақстан Темир жоли” аввалин хатсайри мультимодалии интиқоли нуриҳои минералии Қазоқистонро аз Экибастуз ба Бритониё оғоз намуд. Ин нақлиёт тавассути хатсайри байналмилалии Транскаспий бо истифода аз нақлиёти роҳи оҳан ва баҳрӣ амалӣ намуда мешавад.

Бор аз қаламрави Қазоқистон, баҳри Каспий, Озарбойҷон ва Гурҷистон мегузарад, сипас тавассути бандарҳои Поти ва Батуми ба бандари Бритониёи Феликстоу меравад.
“Роҳи нав имкониятҳои корхонаҳои ватаниро барои интиқоли маҳсулот ба бозори Бритоние васеъ намуд ва устувории занҷирҳои логистикии байналмилалиро баланд бардошт”, — хабар доданд ҶС “НК Қазақстан темир жоли”.
Ширкат қайд намуд, ки рушди хатсайри байналмилалии Транскаспий имкон медиҳад, ки мӯҳлати интиқол кам намуда шавад ва ҳамлу нақли содиротӣ диверсификатсия намуда шавад. Пештар КТЖ аллакай интиқоли маҳсулоти қазоқистонро аз тариқи хатсайри Экибастуз – Майами ташкил намуда буд ва имрӯз интиқоли борҳоро ба ИМА, Бритониё, Белгия, Полша, Чехия ва дигар кишварҳо таъмин мекунад.
Аксҳо: ҶС “НК Қазақстан темир жоли”
