Душанбе, 06 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Ба таслиҳоти пойгоҳи 201-уми гвардиявии низомӣ, ки дар Тоҷикистон ҷойгир аст, мотовездеходҳои «Улан» ворид шуданд. Техникаи нав дар батальони разведкавӣ дар полигони Ляур аз озмоиши амалӣ гузашт. Дар ин бора рӯзномаи «Красная звезда» хабар медиҳад.

Баггиҳо барои иҷрои вазифаҳои гуногун, аз ҷумла патрулӣ, разведка, интиқоли ҳайати шахсӣ ва эвакуатсияи захмиён пешбинӣ шудаанд.
Дар ҷараёни машғулиятҳои омӯзишӣ ҳарбиён сенарияҳои тактикӣ, аз ҷумла амалҳои гурӯҳҳои сайёр ҳангоми иҷрои вазифаҳои таълимӣ-ҷангӣ, инчунин малакаҳои идоракунии техникаи навро такмил доданд.
Илова бар ин, машқҳо оид ба муқовимат ба ҳавопаймоҳои бесарнишин баргузор шуданд. Сохтори «Улан» имкони насби воситаҳои ҷанги радиоэлектронӣ ва таҷҳизоти муҳофизат аз бесарнишинҳоро пешбинӣ мекунад. Дар оянда имкони мусаллаҳ гардонидани техника бо силоҳи иловагӣ низ баррасӣ мешавад.
Фармондеҳи воҳиди разведкавӣ гвардия майор Александр Афонин қайд кард, ки «Улан» бо маневрнокӣ, универсалӣ ва гузариши хуби худ фарқ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, баггӣ барои интиқоли чор нафар пешбинӣ шуда, то 125 км/соат суръат гирифта метавонад, ки онро дар шароити кӯҳсор воситаи самараноки ҳаракат мегардонад.
Манбаи акс: «Известия»
