Душанбе, 06 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳқиқоти байналмилалии илмӣ оид ба омӯзиши хусусиятҳои мутобиқшавии организми инсон ба зиндагӣ дар шароити баландкӯҳ идома дорад.

Дар маркази таваҷҷуҳи олимон ҳолати микроширагардии хун, фаъолияти эндотелияи рагҳои хунгард ва механизмҳои физиологие қарор доранд, ки ба рушди бемориҳои дилу рагҳо дар сокинони минтақаҳои баландкӯҳ таъсир мерасонанд.
Экспедитсияи илмӣ дар доираи рушди ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ байни Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии тибби бунёдӣ», Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» ва Муассисаи давлатии буҷетии федералии «Маркази миллии таҳқиқоти тиббии терапия ва тибби пешгирикунандаи» Вазорати тандурустии Федератсияи Русия ташкил шудааст. Дар ин бора аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино хабар доданд.
Марҳилаи аввали таҳқиқот дар шаҳри Хоруғ баргузор гардида, олимон бо истифода аз маҷмааи муосири дастгоҳию барномавии «ЛАЗМА ПФ» арзёбии ҳамаҷонибаи ҳолати микроширагардии хунро анҷом доданд. Ҳамзамон нишондиҳандаҳои мубодилаи оксидшавӣ омӯхта шуда, барои муайян намудани миқдори ҳуҷайраҳои дескваматсияшудаи эндотелӣ намунаҳои хун гирифта шуданд. Ин нишондиҳанда яке аз меъёрҳои муҳими арзёбии вазъи системаи рагҳои хунгард ба ҳисоб меравад.
Дар таҳқиқот ҳам сокинони амалан солими минтақа ва ҳам беморони гирифтори бемориҳои дилу рагҳо иштирок намуданд. Чунин усули муқоисавӣ ба муҳаққиқон имкон медиҳад, ки таъсири зисти дарозмуддат дар шароити баландкӯҳро ба фаъолияти системаи дилу рагҳо ва равандҳои мутобиқшавии организм аниқтар арзёбӣ намоянд.

Ҳадафи асосии экспедитсия омӯзиши ҳамаҷонибаи хусусиятҳои микроширагардии хун ва фаъолияти эндотелияи рагҳо дар сокинони минтақаҳои баландкӯҳ, муайян намудани механизмҳои физиологии мутобиқшавии организм ба норасоии оксиген ва дигар омилҳои муҳити кӯҳӣ, инчунин ошкор намудани омилҳои хавфи рушди бемориҳои дилу рагҳо мебошад.
Барои Тоҷикистон, ки қисми зиёди қаламравашро минтақаҳои баландкӯҳ ташкил медиҳанд, чунин таҳқиқот аҳамияти на танҳо илмии бунёдӣ, балки амалӣ низ дорад. Натиҷаҳои он метавонанд барои такмили низоми пешгирӣ, ташхиси барвақт ва табобати бемориҳои дилу рагҳо дар байни аҳолии ноҳияҳои кӯҳӣ заминаи боэътимоди илмӣ фароҳам оваранд.
Ҳамзамон, ин лоиҳа боз як намунаи равшани таҳкими ҳамкориҳои илмии Тоҷикистону Русия дар соҳаи тибби бунёдӣ ва клиникӣ мебошад. Истифодаи технологияҳои пешрафтаи ташхисӣ ва муттаҳид сохтани иқтидори илмии ду кишвар имконият медиҳад, ки таҳқиқоти дорои аҳамияти байналмилалӣ анҷом дода шуда, натиҷаҳои онҳо на танҳо барои Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, балки барои дигар минтақаҳои баландкӯҳи ҷаҳон низ арзиши илмӣ дошта бошанд.
АКС: АМИТ «Караван Инфо»
