Душанбе, 06 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Яке аз самтҳои калидии фаъолияти байналмилалии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон густариши ҳамкориҳои илмӣ бо марказҳои пешрафтаи таҳқиқотии ҷаҳон мебошад.

Марҳилаи навбатии ин ҳамкорӣ оғози фаъолияти экспедитсияи байналмилалии бостоншиносӣ гардид, ки дар доираи Созишномаи ҳамкории илмӣ байни Институт ва Осорхонаи неандерталҳои Ҷумҳурии Федеративии Олмон ташкил шудааст.
Самти асосии таҳқиқот ба омӯзиши ёдгориҳои палеолити миёна равона гардидааст — даврае, ки бо фарҳанги мустерӣ ва фаъолияти неандерталҳо (Homo neanderthalensis) иртибот дорад. Ҳадафи олимон муайян намудани хусусиятҳои маскуншавии инсонҳои ибтидоӣ, муҳити зисти онҳо, тарзи хоҷагидорӣ ва рушди фарҳанги моддӣ дар қаламрави Тоҷикистон мебошад.
Корҳои саҳроӣ дар асоси Иҷозатномаи Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№0017 аз 21 июли соли 2026) гузаронида шуда, як қатор ёдгориҳои бостоншиносии ноҳияи Данғараро фаро мегиранд.
Ба ҳайати экспедитсияи байналмилалӣ кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш — Т.У. Худжагелдиев, А.Ф. Шарипов ва ронанда Ғ.Қ. Бурхонов шомиланд. Аз ҷониби Олмон роҳбари гурӯҳи илмӣ доктор Элҳам Гасидиан, доктор, профессор Сомон Гуран ва палеонтолог, профессори Институти бостоншиносии давраи ибтидоии Донишгоҳи Кёлн Надин Нольде иштирок доранд.

Нахустин объекти таҳқиқот ғоре гардид, ки тақрибан дар масофаи 700 метр шимолу ғарбтар аз деҳаи Алиҷон ҷойгир аст. Ғор дар баландии тақрибан 150 метр аз сатҳи маҳал воқеъ буда, бараш тақрибан 13 метр, баландии даромадгоҳ 3 метр ва умқи он то 15 метрро ташкил медиҳад. Таваҷҷуҳи муҳаққиқонро бозёфтҳои сершумори сангӣ, ки дар нишебии теппаи лёссӣ дар назди ғор пайдо шуданд, ба худ ҷалб намуданд.
Дар дохили ғор ва майдони назди он ковишҳои озмоишӣ гузаронида шуданд. То имрӯз қабатҳои фарҳангии давраи асрҳои миёна муайян гардидаанд, аммо таҳқиқот идома дорад.
Ҳамзамон, корҳои ҷустуҷӯӣ дар атрофи деҳаи Алиҷон ва мавзеи Шамолдара имкон доданд, ки маҷмӯи бозёфтҳои сангӣ — порасангҳо, харошандаҳо, теғчаҳо ва шикастапораҳои асбобҳои сангӣ ҷамъоварӣ карда шаванд. Қабати хокии сурхранг дар қисми болоии теппаи лёссӣ, ки дорои осори сангии фаъолияти инсон мебошад, таваҷҷуҳи махсуси олимонро ба худ ҷалб намуда, зарурати омӯзиши муфассалро нишон медиҳад.
Қисми асосии корҳои саҳроӣ дар ғори Оғзикичик, воқеъ дар наздикии деҳаи Шар-Шар, мутамарказ гардидааст. Маҳз дар ҳамин ҷо омӯзиши яке аз муҳимтарин ёдгориҳои палеолити миёнаи Осиёи Марказӣ идома меёбад, ки солҳои 1971–1977 таҳти роҳбарии бостоншиноси маъруф В.А. Ранов мавриди таҳқиқоти густурда қарор гирифта буд.
Ҳадафи таҳқиқоти нав на танҳо тасдиқи натиҷаҳои қаблӣ, балки васеъ намудани онҳо бо истифода аз усулҳои муосири бостоншиносӣ ва илмҳои табиӣ мебошад. Олимон ният доранд синну соли қабатҳои фарҳангиро дақиқтар муайян намуда, хусусиятҳои ташаккули ёдгорӣ ва тарзи зиндагии сокинони қадимии онро аз нав барқарор созанд.
Ғори Оғзикичик кайҳо боз ҳамчун яке аз муҳимтарин ёдгориҳои палеолитии минтақа эътироф шудааст. Қаблан дар ин ҷо маҷмӯи бузурги олоти сангии фарҳанги мустерӣ кашф гардида буд. Агар таҳқиқоти радиокарбонӣ синни қабатҳои фарҳангиро тақрибан 38 ҳазор сол муайян карда бошад, пас таҳлилҳои баъдии радиотермолюминессентӣ синни аз 87 то 134 ҳазорсоларо нишон доданд. Ин натиҷаҳо Оғзикичикро ба яке аз қадимтарин мавзеъҳои ҳузури инсон дар Осиёи Марказӣ табдил медиҳанд.

Дар мавсими саҳроии соли 2026 корҳои ҳафриёт дар қисми ҳифзшудаи қабати фарҳангӣ дар ҷануби даромадгоҳи ғор идома доранд. Ҳафриёт бо дақиқии баланд гузаронида мешавад: хок қабат ба қабат бо ғафсии ҳамагӣ 2–3 сантиметр бардошта шуда, пурра аз элак гузаронида ва шуста мешавад, то ҳатто хурдтарин бозёфтҳо низ ошкор гарданд.
То имрӯз ядроҳои сангӣ, нӯгасбобҳо, порасангҳо ва дигар олоти хоси саноати мустерӣ ба даст омадаанд. Ҳамчунин шумораи зиёди боқимондаҳои устухони ҳайвонот кашф шудааст. Таҳлили пешакӣ нишон медиҳад, ки неандерталҳо асосан гӯсфандони ваҳшӣ, бузҳои кӯҳӣ ва аспҳоро шикор мекарданд. Қисми назарраси маводи остеологиро боқимондаҳои сангпушти осиёимиёнагӣ (Testudo horsfieldii) ташкил медиҳанд, ки метавонанд барои бозсозии муҳити табиӣ ва тарзи зиндагии аҳолии палеолити миёна маълумоти арзишманд пешниҳод намоянд.
Марҳилаи навбатии экспедитсия гирифтани намунаҳои хок барои таҳлили люминессенсияи ангехташудаи оптикӣ (OSL) мебошад, ки имкон медиҳад синни қабатҳои фарҳангӣ боз ҳам дақиқтар муайян карда шавад. Ҳамзамон омӯзиши ғорҳои нави ошкоршуда дар атрофи деҳаҳои Пушинг ва Шар-Шар низ идома хоҳад ёфт.
АКС: Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
