Дар Тоҷикистон ворид намудани хизматрасониҳо барои наҷотёфтагони зӯроварии гендерӣ ба низоми кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд - ИА Караван Инфо
Дар Тоҷикистон ворид намудани хизматрасониҳо барои наҷотёфтагони зӯроварии гендерӣ ба низоми кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд

Душанбе, 06 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Фонди нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA) ва бо дастгирии Лоиҳаи «Миллати солим»-и Тоҷикистон, ки аз ҷониби Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, мизи мудаввари миллиро баргузор намуд.

Ҳадафи чорабинӣ мусоидат ба ворид намудани хизматрасониҳои ба наҷотёфтагони зӯроварии гендерӣ нигаронидашуда ба низоми кумаки аввалияи тиббию санитарӣ буд.

Мутриба Латипова, мутахассиси калони соҳаи тандурустии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, қайд намуд:

«Ворид намудани хизматрасониҳои марбут ба зӯроварии гендерӣ ба низоми тандурустӣ ба пешгирӣ ва коҳиш додани зӯроварии гендерӣ, инчунин ба таҳкими сармояи инсонӣ мусоидат мекунад. Ҳамзамон, ин иқдом кумаки аввалияи тиббию санитариро ҳамчун нуқтаи муҳими дастрасӣ ба хизматрасониҳои бехатар, босифат ва ба эҳтиёҷоти наҷотёфтагон нигаронидашуда дар саросари кишвар тақвият мебахшад. Ин равиш бо Чаҳорчӯбаи ҳамкории Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2032 ва Стратегияи гендерии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ барои солҳои 2024–2030, ки ба сармоягузорӣ ба сармояи инсонӣ, пешбурди баробарии гендерӣ ва таҳкими пешниҳоди хизматрасониҳои фарогир равона шудаанд, пурра ҳамоҳанг мебошад.»

Чорабинӣ ба баланд бардоштани дастрасии кумаки махсусгардонидашуда барои наҷотёфтагони зӯроварии гендерӣ ва таҳкими нақши зинаи аввалии тандурустӣ дар низоми ҳифзи аҳолӣ нигаронида шудааст.

ФОТО:  Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон